Задухурди узбакҳову қирғизҳо дар Маскав
Дар пайи як задухурди оммавӣ миёни шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскави Русия чор табааи узбак бо захми корд ба беморхона мунтақил шудаанд.
Бино ба иттилои торнамои informing.ru ин низоъ 6-уми август дар кӯчаи Красноказармени Маскав миёни шаҳрвандони Узбакистон ва Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастааст. Дар натиҷа як муҳоҷири қирғиз бо корд чор узбакро захмӣ кардааст, ки ҳоло дар беморхона бистариянд.
Гуфта мешавад, чанд нафари дигар дар ҳолати вазнин қарор дорад. Шаҳрванди Қирғизистон низ бо ҷароҳатҳои зиёд дар беморхона будааст.
Далели задухурди узбакҳову қирғизҳо ҳанӯз рушан нест. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |