Интиқоди Хадамоти оташнишонӣ аз худсарии тоҷирони Хоруғ
Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 6-уми август, соати 16:51 дар бозори 20-солагии иқтиқлолият дар шаҳри Хоруғ сухтор ба амал омад, ки 800 метри мураббаъро фаро гирифта, 600 ҳазор сомонӣ хисорот овардааст.
Кароматулло Абдуллоев, масъули Хадамоти оташнишонӣ, имрӯз, 7-уми август дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ба ҷойи сӯхтор чор мошини сӯхторхомушкунӣ ҳозир шуда, аз паҳн гардидани оташ ҷилавгирӣ намуданд ва давоми се соат онро пурра хомӯш гардонданд. Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи ин сӯхтор 100 нуқтаи фурӯш, дар масоҳати 800 метри мураббаъ ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ зарар дидаанд.
Хадамоти оташнишонӣ аз он интиқод намуд, ки тоҷирони бозор дар лаҳзаҳои аввали сӯхтор талош кардаанд, мустақилона оташро хомӯш созанд ва ба мақомот дер хабар расондаанд. Ин аст, ки ба гуфтаи Абдуллоев сӯхтор дар як муддати кутоҳ майдони васеъро фаро гирифтааст.
Абдуллоев арзиши молу амволеро, ки оташнишонон наҷот додаанд, беш аз 2 миллион сомонӣ арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи ин манбаъ айни ҳол сабабҳои сар задани сӯхторро гуруҳи махсус омӯхта истодааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |