Пажуҳиш: 70%-и мардум омодаанд, ба Роғун боз маблағ гузоранд
Маркази омӯзиши афкори омма “М-Вектор” дар Тоҷикистон пажуҳиш гузаронда муайян намудааст, ки 70 дарсади сокинон омодаанд, аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” сармоягузорӣ кунанд.
Зимни ин назарпурсӣ, ки миёни беш аз 1000 сокини аз 18-сола боло дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон гузаронда шудааст, 70,3 дарсади мусоҳибон гуфтаанд, омодаанд, аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ ба нерӯгоҳи Роғун сармоягузорӣ кунанд: “7,9 дарсади дигар гуфтаанд, эҳтимолан сармоягузорӣ хоҳанд кард. 15,2 дарсад қотеъона изҳор доштаанд, ки аз ҳисоби худӣ ба Роғун сармоягузорӣ намекунанд ва 3,4 дарсад низ, эҳтимолан не гуфтаанд. 3,4 дарсади мусоҳибон изҳор доштаанд, ки посух додан ба ин савол барояшон мушкил аст.
Ба суол, ки ба ҷалби сармояи ширкатҳои хориҷӣ ба бунёди нерӯгоҳи Роғун чӣ гуна муносибат доред, 32,1 дарсади мусоҳибон мусбат гуфтаанд: “18,9 дарсади дигар низ муносибаташонро ба сармоягузории хориҷиён дар Роғун эҳтимолан мусбат баён кардаанд. 17,9 дарсад зидди иштироки хориҷиён дар Роғун баромада, 11 дарсад гуфтаанд, барояшон фарқе надорад. 5,7 дарсад ҳам гуфтаанд, эҳтимолан мухолифи сармояи хориҷӣ дар Роғун хоҳанд буд.”
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аз 6-уми январи соли 2010 маъракаи густардаи фурӯши саҳмияҳои НБО Роғун оғоз шуда буд ва аз ин ҳисоб ҳудуди 850 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ гардида, қисме аз онро барои нигоҳдорӣ дар бонкҳо гузошта буданд. Давлати Тоҷикистон дар маҷмуъ дар ҳаҷми 6 миллиард сомонӣ 5 миллион дона саҳмияи Роғунро бо арзиши 100, 500, 1000 ва 5 ҳазор сомонӣ нашр кард. Аммо баъдан маъракаи фурӯши саҳмияҳо бо дархости созмонҳои молиявии байналмилалӣ мутаваққиф шуда буд.
Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт дар назар аст, ки калонтарин нерӯгоҳи обии Осиёи Миёна гардад ва Тоҷикистонро аз кишвари муҳтоҷи барқ ба содиркунандаи асосии он дар минтақа табдил диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |