Шаҳрванди 30-солаи Узбакистон бо иттиҳоми ғуломфурӯшӣ боздошт шудааст
Як шаҳрванди Узбакистонро, ки дар бардафурӯшӣ муттаҳам мешавад, дар Русия боздошт кардаанд. Дафтари матбуотии раёсати умури дохилии вилояти Свердлов менависад, ин зан аз сӯи кормандони Интерпол дар шаҳри Екатеринбург дастгир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин зани 30 соларо дар ватанаш-Узбакистон дар бардафурӯшӣ ё ғуломфурӯшӣ муттаҳам медонанд. Тибқи иттилои расида, ӯ ҳамроҳ бо як хонуми дигар, ки ҳоло шахсияташ мааълум нашудааст, моҳи апрели соли равон бонуеро иҷборан ба яке аз кишварҳои Аморати муттаҳидаи Араб фиристодаанд, ки он ҷо мавриди истисмори ҷинсӣ қарор гирифтааст.
Ин хонум ба кормандони пулис гуфтааст, марзи кишварашро чанд моҳ қабл ба хотири назди қонун ҷавоб нагуфтан, тарк кардааст. Ӯ, ки дар Екетеренбург ба тамиз кардани як қаҳвахона машғул будааст, аз соҳиби он пули зиёде гӯиё барои табобати фарзанди бемораш қарз гирифтааст. Вай қасд доштааст, дар чанд рӯзи дигар аз Екатеринбург берун шавад ва ба эҳтимоли зиёд дар фикри баргардонидани қарзи соҳиби қаҳвахона ҳам набудааст.
Дар ҳоли ҳозир ин зан дар боздоштгоҳ қарор дошта, гуфта мешавад, ояндаи наздик ба ватанаш истирдод мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |