Футболбози ганагӣ аз номи Кӯлоб бозӣ мекунад
Дилшод Шарифов, менеҷери дастаи “Равшан”-и Кӯлоб расман элон кард, ки легионери ганагӣ Акуффо Геpшон, ки қаблан дар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозӣ мекард ба бошгоҳи Равшани Кӯлоб интиқол ёфт.
Тавре торнамои расмии бошгоҳи футболи “Равшан” навиштааст, Дилшод Шарифов ба ҳайати дастаи “Равшан” пайваст шудани Акуффо Гершонро хуш пазируфта гуфтааст, дар бозиҳои даври дуюми Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон аз ӯ умеди зиёд дорад: “Мо ба бозигари навамон комёбӣ ва муваффақият таманно дорем. Интизориҳои зиёде дорем, ки Акуффо голҳое мезанад, ки дили ҳазорон мухлисони дастаи “Равшан”-ро шод гардонад.”
Эҳтимол Акуффо дар нахустин бозии даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми сентябр, ки дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо тими “Истиқлол”-и Душанбе қувваозмоӣ мекунад, дар хайати асосии даста ба майдон барояд. Акуффо Геpшон, 27-уми декабри соли 1989 ба дунё омадааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |