Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо судури як фармон Алиев Ҳусейн Хоҷамировичро иҷрокунандаи вазифаи райиси ноҳияи Тоҷикобод таъин кард.
Ин тасмими райисҷумҳур пас аз даргузашти собиқ роҳбари ин ноҳия, Махсум Фозилов аз сар гирифта шудааст. Марҳум Фозилов тайи чанд соли ахир сарварии ноҳияи Тоҷикободро ба зимма дошт ва рӯзи нуздаҳуми июл баъди беморӣ аз дунё чашм пӯшид.
Маврид ба ёдоварист, Ҳусейн Алиев дар симмати мухталиф дар ҳукумати Тоҷикистон ифои вазифа карда, солҳои 2005-2007 райиси КВД «Тоҷикгаз» буд. {jathumbnail off}
Мӯҳр