Муроҷиатнома ба Раҳмон: Қазияи Зайдро ба ҳадди буҳронӣ нарасонед
Фаъолони ҷамеаи шаҳрвандӣ бо пахши як муроҷиатнома дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостаанд “раҳму шавқат ва дурандешӣ нишон дода”, дар қазияи Зайд Саидов, собиқ вазири саноат, соҳибкори шинохта ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав”, “корро ба ҳадди буҳронӣ нарасонад”.
Субҳи рӯзи 6-уми август, зери ин муроҷиатнома аллакай 12 нафар, аз он ҷумла ҳунарпешаи шинохта Барзу Абдуразоқов, рӯзноманигор Темур Варқӣ, рассом Галина Юнусова, журналист Мавҷудаи Соҳибназар ва дигарон имзо гузоштаанд. Дар муроҷиатномаи мазкур, муаллифон раҳбарияти олии кишварро даъват менамоянд, то дар моҳи шарифи Рамазон раҳмдил бошанду ба як нафар маҷрӯҳи модарзод шафқат намуда, ҳабси тосудии ӯро таҷдиди назар кунанд: “Моҳи сеюм аст, ки Зайд Саидов паси панҷара нишаста аст. Ҷомеа бо диққати комил рафти кори ӯро пайгирӣ намуда, номи ӯ аз сархати васоити ахбори омма дур намешавад. Ин кор аллакай дар сатҳи СММ ва Шурои Аврупо баррасӣ мешавад, ки ин обрӯи Тоҷикистонро афзун намекунад”.
Муаллифон бар он боваранд, ки дастгирии Зайд Саид то ҳукми суд беҳуда аст: “Чуноне мақомот мегӯянд, онҳо тӯли солҳои зиёд зидди Саидов мавод ҷамъ кардаанд ва чораҳои пешгирии муқаррарнамуда барои кашфи далелҳои нав муфид нахоҳад буд.”
Дар асоси гуфтаҳои боло ва аҳволи бади саломатии гумонбар, ки аз захми меъда азият мекашад, муаллифон хостаанд чораи пешгирӣ аз ҳабс ба ҳабси хонагӣ бидуни ҳуқуқи баромадан аз минтақаи истиқомат иваз шавад: “Дар чунин шароити вазнин нигаҳ доштани шахси бемор ва маъюб, ки дар рафти тафтишот ҳамарӯза аз дарди шадид дар азоб аст, як навъи шиканҷа нисбати як нафари безарар ба кишвар ва чомеа нест магар?”
Дар муроҷиатнома аз хидматҳои зиёди гумонбаршуда назди кишвар ва мардуми он ва ба ҳамин хотир сазовори нишон гардиданаш зикр шуда, аз сардори давлат даъват мешавад “ба пайдо шудани “Рӯйхати Саидов”, ҳаммонанди “Рӯйхати Магнитский”, роҳ надиҳад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |