Бахшҳо
06 авг 2013 07:07Тоҷикистон / Сиёсат

Хитоби вакилон ба Фаттоҳ Саидов: "Касе наметавонад моро аз ҳимояи Зайд боздорад"

Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров, ду вакили мудофеи Зайд Саидов -- раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби “Тоҷикистони нав” бо пахши баёнияе иттилоияи ахири Оҷонсии зидди фасодро беасос номиданд.

Масъулони Оҷонсӣ шоми якуми август бо нашри иттилоияе вакилони мудофеи Зайд Саидовро ба “пахши афкори иғвоангез бо далелҳои беасос” муттаҳам карданд. Бино ба ин иттилоия, вакилони мудофеи Зайд Саидов гӯиё иштибоҳи худро дарк карда, ваъда додаанд, ки минбаъд танҳо аз далелҳои муътамад истифода хоҳанд намуд.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров, ҳамаи амали онҳо барои ҳимоят аз Зайд Саидов дар доираи қонунҳои кишвар сурат мегирад ва “мо омодаем дар ин маврид ба ҳама гуна иддаову суолу эрод назди зерҳимояамон, мақомоти марбута ва ҷомеа ҷавоб гӯем”. “Маҳз бо дарки ҳамин масъулият вокуниши Оҷонсиро бобати ғайрикасбиву низоъҷӯёна маънидод кардани фаъолиятамон беасос медонем ва, аз ин рӯ, омодаем барои дифоъ аз шаъну шарафу эътибори худ дар доираи имкониятҳои пешбининамудаи қонунгузории Тоҷикистон чора биандешем”,-гуфтаанд вакилон.

Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров, баръакс, дар идома Оҷонсии зидди фасоди молиро ба дағалона вайрон кардани талаботи Қонуни асосӣ ва санадҳои дигари қонунгузории Тоҷикистон муттаҳам кардаанд, ки ҳанӯз додгоҳ қазияи зерҳимояашонро баррасӣ накардааст, Оҷонсӣ пайваста ӯро ҳамчун ҷинояткор муаррифӣ мекунад. “Ҳеч кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми додгоҳ дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад”,-таъкид кардаанд онҳо.

Дар идома гуфта шудааст, “он чиз низ боиси таассуфу нигаронист, ки ба маърази умум гузоштани ахбор дар ин мавридҳо ҳамзамон бо хулосарониҳову баҳогузориҳои қотеъона ва истифода аз тарзу усулҳои эҳсосотии таъсир ба афкори ҷомеъа сурат мегирад. Мисолеро барои тасдиқи фикр аз ҳамон нишасти матбуотӣ (нишасти хабарии Фаттоҳ Саидов) лоиқи тазаккур медонем: "саргузашти ин духтараки 14-соларо шунидан хеле сахт аст. Вай 3 мартаба исқоти ҳамл шудааст ва он пизишконе, ки исқоти ҳамл кардааст, мо пурсидем, дафъаи баъдӣ, ки нахост исқоти ҳамл кунад, Зайд бо пояш ба шиками духтарак задааст. Барои он ки сираш фош нашавад, ҷавонеро киро мекунад ва мегӯяд, "тарзе кун, дили вайро ёб" ва ба ӯ 1300 доллар медиҳад ва ваъда мекунад, ки тӯятро дар ресторан мегузаронам ва як моҳ зиндагӣ мекунӣ ва баъд кори худат. Ин магар аз рӯи виҷдон аст?"

Вакилони мудофеи Зайд Саидов инчунин гӯиё пушаймонии худ дар назди масъулони Оҷонсиро комилан рад карда, гуфтаанд, “қотеъона изҳор медорем, ки ин маълумот комилан асоси воқеӣ надорад. Мо на танҳо ин гуна вокуниш нишон надодаем, балки ягон амалеро, ки боиси пушаймонӣ бошад, ҳаргиз ба худ раво надидаем.”

Дар ин номаи вакилон гуфта шудааст, “ҷурме, ки бо иттиҳом ба он Зайд Саидов расман муртакиби гуноҳ шинохта мешавад, дар пояи далелҳои нокофиву шубҳабарангез шакл гирифтааст ва аз ин рӯ барои айбдоркунӣ асоси кофӣ вуҷуд надорад. Гуфтему мегӯем, ки барои дурустии ин мавқеъ ҳаргиз шубҳа надоштему надорем ва аз он то даме, ки далели муносибу ҷавобгӯ ба талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятиро тафтишот пешниҳод намекунад, ҳаргиз даст намекашем. Касеву чизе наметавонад моро аз самтҳои пешгирифтаи ҳимояамон аз ҳуқуқу манфиатҳои Зайд Саидов боз дорад ё, чуноне зимни даъват масъулини Оҷонсӣ кӯшиданд моро моил кунанд, ки аз ин фаъолият изҳори пушаймонӣ кунем.”

Вакилони мудофеъ дар бораи иттиҳоми қаллобӣ, таҷовуз ба номус ва сӯистифода аз мақоми хидматии Зайд Саидов низ сӯҳбат карда, ҳамаи онро бофтаву сохта номидаанд. “Посухи шахсан мо басо қотеъона аст: эътимоди комил ба он дорем, ки зерҳимояамон ба ин амалҳо ҳаргиз даст назадааст”,-гуфтаанд онҳо. Дар охир Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров аз масъулони Оҷонсии зидди фасоди молӣ даъват кардаанд, ки аз ҳама гуна иқдом, амалу рафтор, ки ҳуқуқи нафари таҳти ҳимояташонро халалдор мекунанд, худдорӣ варзанд.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Мӯҳр
Ин Агенти дига чи мегуфтууууу... бо адвокатхои Зайд ди гар чи

zaidro hamin advokathoi xudash zindon mekunand.

Салом бародарони адвокат чои хакикатай бояд то охри умр хакикатро ошкор бинамоем ва аз худо битарсем на аз бандаш ? То чое медонем З Саидов бе гунохаст ба хамин хотир хак аст . по ба по шумохам химояташ дорен агар гунахгор мешуд ба шумохам чи даркор буд инкадар азоб кашиданатон мегуфтед бале зайд гунагораст ? Боздошти З Саидов барои елон кардани хизбаш аст ? На чинояткор аст агар ин одам инкадар даст дар чиноятхои елон кардаи очонси даст медошт хичвакт ба хама малум аст ки бо сиёсат даст намезад ? Чихеле болои дойра мезад З Саидов мераксид? Мардака дилаш пур будак ки гунагор нестам давлати демократи дуняви аст ва бе гунох аст аз фаронса омадак мисли . Дигарон нагурехт ? Бароики дар худаш бовари доштак мардак ? Мисли хамин З Саидов шери нар 5 то бошад точикистон яке аз давлатхои пешрафтатарин мешавад ?

Ман
Бале бародар зайд махбуси сиесист на чинои. Мисли зайд хаст 5 та зиедтарам мумкин бошад. 1) Кабири, 2)Турачонзода,3) Зоиров,4)Хокимов,5)Хусайни,6)Хайит,7)Зайд,8)Д.Ус
мон амсоли инхо шахсон. Чуз аз шайкаи чаноб хамаи инхо шахсони бовичдонанд. Факат ика харомхурхо сари давлат ва хокимият бо чаноб омадиянд хамаашон фосику фасодхуру харомхуранду бас. Хато инхоро занхову духтархояшон эвростандартанд яъне бехаеву беиффатанд бо ниниюбка ва таи такпуш дар кучахо сайр мекунанд.

Бале бародар зайд махбуси сиесист на чинои. Мисли зайд хаст 5 та зиедтарам мумкин бошад. 1) Кабири, 2)Турачонзода,3) Зоиров,4)Хокимов,5)Хусайни,6)Хайит,7)Зайд,8)Д.Ус
мон амсоли инхо шахсон. Чуз аз шайкаи чаноб хамаи инхо шахсони бовичдонанд. Факат ика харомхурхо сари давлат ва хокимият бо чаноб омадиянд хамаашон фосику фасодхуру харомхуранду бас. Хато инхоро занхову духтархояшон эвростандартанд яъне бехаеву беиффатанд бо ниниюбка ва таи такпуш дар кучахо сайр мекунанд.

Бале бародар зайд махбуси сиесист на чинои. Мисли зайд хаст 5 та зиедтарам мумкин бошад. 1) Кабири, 2)Турачонзода,3) Зоиров,4)Хокимов,5)Хусайни,6)Хайит,7)Зайд,8)Д.Ус
мон амсоли инхо шахсон. Чуз аз шайкаи чаноб хамаи инхо шахсони бовичдонанд. Факат ика харомхурхо сари давлат ва хокимият бо чаноб омадиянд хамаашон фосику фасодхуру харомхуранду бас. Хато инхоро занхову духтархояшон эвростандартанд яъне бехаеву беиффатанд бо ниниюбка ва таи такпуш дар кучахо сайр мекунанд.

ДАР ХАКИКАТ ЗАЙД САИДОВ БЕГУНОХ АСТ ДАР ХАКИКАТ....
АГАР ЗАЙД САИДОВ ГУНАХКОР БОШАД ПАС БАРОИ ЧИ, КИ АЗ КАФОИ ГУНАХКОР КАРДАНИ ХСДТ ВА ХНИТ ХАСТАНД ИН БАРОИ ОНАСТ, КИ АЗ ИШТИРОКИ ДАР ИНТИХОБОТ ДАСТ КАШАНД ВА ЗАЙД САИДОВРО ХАМ ИНЧУНИН КАРДАНД ВАЛЕ ТАВОНИСТАНД.....
ХОХИШИ МАН БА ХАМА ХИЗБХОИ ТОЧИКИСТОН ГАЙРИ ХХДТ....... АГАР ХАМИН ХЕЛ ФИШОР ОВАРДАН ГИРАНД ДАР ХАР ХОЛАТ МЕТАВОНАНД, КИ ШУМОРО ХАМ БА МОНАНДИ ЗАЙД САИДОВ БО ТУХМАТХОИ БАР ДУРУГ МАХКАМ КУНАНД...... АГАР ЧАНОБИ РАХМОНОВ ДАР ИНТИХОБОТИ ИМСОЛА ИШТИРОК КУНАД ШУМО ИШТИРОК НАКУНЕД ВА АГАР ПУРСАНД, КИ ЧАРО ДАСТ КАШИДЕД ЧАВОБ "ТАРСИДЕМ", КИ МОРО ХАМ БА МОНАНДИ ЗАЙД САИДОВ НАКУНАД БИГУЗОР ХУДАШ ТАНХО БОШАД ТАНХО....
БИШУЗОР ДАР ДУНЕ ДОНАНД.....

Ошно
дуруст зеро пули калон гирифтагиен ва то охир бояд хай-хай кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)