“Изҳорот”-и раиси ҲНИТ дар Хоруғ бар зидди Кабирӣ ва ҲНИТ
Асрор Булбулов, як сокини шаҳри Хоруғ, ки худро раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар маркази вилояти Бадахшон, муаррифӣ намуд, дар изҳороте Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро барои барзиёд нишон додани аъзои ҳизб муттаҳам кард. “Изҳорот”-и Булбулов бегоҳи панҷуми август тариқи Шабакаи аввали Телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш шуд.
Асрор Булбулов узвияти 3 ҳазор нафар аз ҲНИТ дар Бадахшонро дурӯғе беш надонист ва гуфт, ҳоло ҳамагӣ 38 узви пешини ҲНИТ дар ин минтақа боқӣ мондаанду халос. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, ҳоло раёсати ҲНИТ дар Хоруғ ҳамагӣ 5 узв дорад. “Ман ҳатто муовини худро надидаам. Фақат панҷ нафарро мешиносам. Дар ҳолатҳои даркорӣ ҳамин панҷ нафарро даъват мекунам",-афзуд Булбулов.
Асрор Булбулов гуфт, ӯ соли 2012 ба мақоми раиси ҲНИТ дар Бадахшон баргузида шуд ва ҳудуди як сол боз фаъолият дорад. Ӯ гуфт, онҳо мехостанд изофанависӣ дар мавриди аъзои ҲНИТ дар Бадахшонро ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ҳам бирасонанд. Аммо ба қавли ӯ, то кунун Кабирӣ аз ҳолу аҳволи онҳо хабар нагирифтааст. “Лекин ҷаноби Кабирӣ фурсате наёфтанд, ки моро хабар гиранд. Агар ба Бадахшон меомаданд, сари як миз нишаста ҳамаашроо мефаҳмондем. Аз дурӯғ чӣ фоида? Дигар бародароне ҳастанд, ки инро медонанд”,-илова кард ӯ.
Асрор Булбулов гуфт, ҳар чизе, ки эълон медорад, на танҳо мавқеи худаш, балки бародарони дигар низ ҳаст: “халқи Хоруғ бо наҳзатиҳо ҷангу ҷанҷол доштанд, ки ман фаъоличятамро қатъ кунам. Ман дар кӯча мешинам бародарон мегӯянд, Асрор корро бас кун. Ин ҳизб аз мо нест, балки бар зарари мост.”
Асрор Булбулов дар охир хитоб ба Кабирӣ гуфт, аз дурӯғу зиёд нишон додани сафи ҳизбиён на ба онҳо ва на ба Бадахшону Тоҷикистон фоида нест. Вай афзуд, агар ҳамаи мардуми бадахшон зидди наҳзатанд, вай рӯирост аз ҲНИТ даст мекашад ва мегӯяд, “чунин ҳизб даркор нест.”
То тобистони соли 2012 раёсати ҲНИТ дар Хоруғро Шерик Карамхудоев роҳбарӣ мекард, ки дар ҷараёни амалиёти низомии соли гузаштаи нерӯҳои давлатӣ боздошт ва ҳоло ба зиндон маҳкум шудааст. Як манбаъ дар ҲНИТ ба “Озодагон” гуфт, Асрор Булбулов ҳамагӣ як соли пеш ҳамчун иҷрокунандаи раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ таъин шуда, изҳороташ бо мувофиқа бо мақомоти интизомӣ омода ва пешниҳод шудааст.
Рӯзи чоруми июли соли ҷорӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён мавзӯи ҳазфи Ислом аз номи ҲНИТ садо дод. Рӯҳониён гуфтанд, Ислом ба ҳизб ниёз надорад ва аз ин рӯ бояд ҲНИТ калимаи исломро аз номаш берун кунад. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳоло бо чиҳил ҳазор узв ҳизби умдаи мухолиф дар кишвар ҳисоб меёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |