Бахшҳо

”Як бому ду ҳаво” ё инқирози меъёрҳои демократӣ?

Асадуллои Вализода, таҳлилгари сиёсӣ

1.Пайгирии сиёсат ва идораи дунё аз вазоифи шаръист

Баррасии амиқи сарчашмаҳои асосии дини Ислом - Қуръону суннати паёмбари гиромӣ, афкори мутафаккирони исломӣ, низоми Хилофат ва ҳокимиятдории кишварҳои мусулмоннишин гувоҳӣ медиҳанд, ки принсипҳои озодии баён, интихоби дину оин, чандандешӣ ва низоми шуро дар давлатдорӣ, барқарории адлу инсоф, ҳамзистии осоиштаи фарҳангҳо, риояти ҳуқуқҳои аққалиятҳои миллии ғайриисломӣ, таҳаммулпазирӣ ва эътирофи моликияти шахсию тиҷорати озод, ташкили гуруҳҳои таблиғу даъват ҳамчун усулҳои асосии ҷомеадории исломӣ вобаста ба ҳолату шароит ва давраҳои мухталифи замонию маконӣ аз вижагиҳои мумтози давлатдорӣ будааст. Мусалламан, ин мабодиву усулҳо аз нуқтаҳои асосии демократия, яъне мардумсолорӣ маҳсуб мешаванд, ки ҳамчун арзишҳои низоми ғарбӣ ба кишварҳои мусалмонӣ муаррифӣ гардиданд. Ба мусалмонон, ки дар асрҳои миёнаву баъди марҳилаи эҳёи Аврупо дар заминаи риояи арзишҳои мардумпарварӣ ва адлу инсоф амиронашон аз асосҳои динӣ хеле дур шуда буданд, чунон талаққи намуданд, ки гуё усулҳои демократия фақат дастоварди мутлақи ғарбиҳо буда, олами ислом ба тарзи нав зиндагӣ намуданро бояд аз зовияи ғарбгароӣ омузад. Бетаваҷҷуҳии амиқи олами ислом ба андешаронӣ оиди масъалаҳои ҳаётан муҳим ва таназзули фикри исломӣ, ки ба ақибмонӣ дар дигар ҷанбаҳои ҳаёт оварда расонд, асосан, бо иллати дур шудан аз роҳу равиши ҳокимиятдории исломии хоси даврони паёмбар ва вижагиҳои замони ҳокимияти халифаҳои рошидин марбут аст , ки амалан ба барқарории низоми меросии ҳокимият ва султаи шоҳаншоҳии муғойир ба мабодии динӣ оварда расонд ва решаҳои қавии хилофати исломиро ба ларза овард. Ҳамчунин тохтутози мунтазами аҷнабиён ба ин қаламрав ва нуфузи қувваҳои бурунӣ ба низоми давлатдорӣ аз омилҳои дигари ин падидаи манфии таърихи халифаҳои исломӣ будаанд. Дар натиҷаи ин омилҳои муассир давра ба давра ислом ба таври сунъӣ аз ҷанбаҳои сиёсату умури давлатдорӣ дур гардида, он ба дини сирф ибодӣ ва ахлоқӣ табдил ёфт ва уламову арбобони динӣ, огоҳу равшанфикр аз мушоракат дар низоми ҳукукматдорӣ ва сиёсати фаъол дур карда шуданд. Бо вуҷуди ин, бояд эътироф намуд, ки ҳарчанд баъзе аз аҳкоми динӣ дар умури давлатдорӣ истифода мешуданд, вале таъсири шумулпазирии худро шариати ислом аз даст дода, тариқиёту нуму, шукуҳу шаҳомати даврони аввали исломӣ аз байн рафт ва олами ислом ба парокандагию таҷзия мубтало гардид. Ҳамчунин, бо таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар мағзи мусалмонон ақидаеро ҷой карданд, ки гуё пайравӣ аз дин нишонаи бефарҳангӣ ва сабаби ақибмонии кишварҳои мусалмонист. Ба фикри баъзе аз муҳаққиқин шояд ин боис шуд, ки олами исломӣ, бахусус, кишварҳои арабӣ нигоҳ накарда бо имкониятҳои табиӣ, неруи ақлонию инсонӣ ва манотиқи васеъ зери нуфузи аҷнабиён боқӣ монда, то имруз иқдомҳои хешро ба ақрабакҳои Шарқу Ғарб мувофиқа менамояд.

Чи хеле ки маълум аст, аз асри 19 инҷониб, бахусус, дар сад соли ахир мутафаккирони исломӣ ва созмонҳои динӣ ба масъалаҳои таҳаввулоти сиёсию иқтисодии ҷомеа таваҷҷуҳ намуданро аз ҷумлаи вазоифи шаръи дониста, сабабҳои таназзули мусулмононро мавриди омузишу баррасӣ қарор доданд, зеро инсон ҳамчун халифаи Худованд бояд масъулияти эъмори дунё ва идораи дурусти онро ба душ дошта бошад. Ин вазифаи шаръӣ водор мекунад, ки уламои исломӣ ҳамчун ворисони паёмбарон дар пешравию тақаддуми ҷомеа ва тарбияи насли солиму дархури он саҳим бошанд. Он масъулияти ҳамарузае, ки бе дахолат дар сиёсату умури давлатдорӣ амалӣ шуданаш амри маҳол аст. Аз ин сабаб, уламои исломӣ ва арбобони ботақвою дилсузи миллати исломӣ ба ташкили ҳаракату созмонҳои сиёсӣ иқдом намуда, мардумро ба бедории динӣ, ҳуқуқию сиёсӣ фаро гирифтанд ва афкори мардумсолорию ватанпарастиро дар ҷомеа мавриди баҳс қарор доданд. Уламои худотарс дар муборизаҳои озодихоҳию истиқлолият мардуми мусалмон аз истисмори мустамликадорон нақши пешвою раҳбари маънивиро ба душ гирифтанд. Таърих гувоҳ аст, ки ин таҷруба ва ибтикори созандаю масъулиятнок ғолибан, бо дасисабозии ҳокимони давр ва доираҳои махсуси хориҷӣ, ба мушкилию монеаъаэҷодкуниҳо мутавоҷеҳ гардидааст. Ин афкори мусбӣ зери шиори “ба муқобили ислом бояд тавассути Ислом мубориза бурд” бо итстифода аз арбобони динии дарборӣ ва зархарид мавриди ҳамлаи шадид қарор гирифта, чун навоварӣ(бидъат) муаррифӣ гардида, байни мардуми ҷоҳил фитнаву ихтилофҳоро ба бор оварда бошанд ҳам, имруз ба як падидаи мусбат дорад табдил меёбад. Бо вуҷуди он, ин падида то ҳануз аз масъалаи ихтилофии уламои исломӣ боқӣ мондааст.

2.“Баҳори арабӣ” ва харитаи навини низоми минтақавӣ

Бо фурупошиини собиқ СССР тавозуни қувваҳо дар низоми ҷаҳонӣ тағйир гардида, “ҷанги сард” гуё ба охир расид. Зери таъсири ин падидаи таърихии охири асри бистум дар манотиқи мусалмоннишини собиқ империяи бузург, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, таҳаввулоту бедории динию миллӣ ва истоқлолиятхоҳӣ ба вуқуъ пайваст. Таҳаввулоти назаррас дар натиҷаи ҳодисаҳои “баҳори арабӣ” ва сарнагун шудани низомҳои тоталитарӣ, ки зери шиорҳои демократӣ рух доданд, тибқи баъзе назарҳо олами ғарбро ғофилгир намуда бошад, ин инқолобҳоро мардумӣ ва табиӣ арзёбӣ намуданд. Вале дигар тафсираҳо низ дар ин хусус вуҷуд доранд, ки пажуҳишгарони исломшинос ва доираҳои сиёсии ғарби чунин вариантро низ дар назар доштанд, ки бо ташаннуҷи авзоъ дар ҳолатҳои иститсноӣ бояд неруҳои исломӣ ба долонҳои ҳукумат роҳ ёфта, баъдан бо авҷи норозигии мардум дар қиболи вазъияти сахти иқтисодию иҷтимоӣ ба ноуҳдабароӣ муттаҳам ва аз роҳбарӣ дур курда шаванд. Имруз ин сенария дорад дар Мисру Тунис тадбиқ мешавад. Аз тарафи дигар, олами Ғарб гуё ин дигаргуниҳои демократиро муғойир ба ҳадафҳои стратегии хеш ва ҳампаймонаш дар минтақа Исроил талаққи намуд, ки ба фурупошии ин ҳукуматҳо, ки ғолибан аз исломиҳо(Миср) ва эътилофи(ТУНИС) ташаккул ёфтаанд, мусоидат мекунанд ва инқилоби низомиро пуштибонӣ аз демократия мехонад. Ба ақидаи баъзе аз коршиносон бо ташаннуҷи авзоъ дар олами арабӣ, Амрико тибқи манофеи хеш харитаи низоми навини минтақаро тартиб дода буд, вале воқеаҳои Миср ва ба қудрат расидани “ихвониҳо” боиси халалдор гардидани он гардид. Ахиран, ин муносибати духураи Амрико ва олами Ғарб баъди кудетои низомӣ ва бо роҳҳои ғайридемукратӣ сарнагун намудани Президенти мунтахаб доктор Мурсӣ дар Миср бепарда гардид ва ба олам чунон вонамуд мешавад, ки гуё принсипҳои демократӣ ба аҳдофи исломӣ муғойират дошта, ифротгароию ташаннуҷи авзоъ ба мавқеъгирии исломиҳо рабт дорад. Ҳамон методу бархурде ки солҳои 90 ба неруҳои миллию исломии тоҷик истифода шуда буд ва имруз низ афкори мардумро ба ин назарҳои ваҳмангези хаёлӣ омода мекунанд. Вале воқеият дигар самтро нишон диҳад ҳам, мутассифона, ҳақиқатро ба тарзи дигар инъикос мекунанд. Аз ҷумла, дар асоси назарпурсие, ки баҳори соли 2012 хадамоти пажуҳишии амрикоии “Pew Research center” дар кишварҳои Тунис, Миср, Урдун, Лубнон ва Покистон доир намудааст, натоиҷаш далели он аст, ки мусалмонон ба масоили демократия аз нигоҳи исломӣ, новобаста аз машокили ҷомеа, таваҷҷуҳи хосса доранд. Аз ин нуқта, ба суоли афзал будани низоми демократӣ дар идораи давлат 63% тунисиҳо, 67% мисриҳо, 61% урдуниҳо,71% туркҳо, 84% лубнониҳо ва 42% покистониҳо раъи мусбат доданд. Ба суоли мувофиқкунонии пурраи нормаҳои ҳуқуқи ба шариати ислом бошад, 82% покистониҳо, 72% урдуниҳо, 60% мисриҳо, 23% тунисиҳо, 17% туркҳо, 17% лубнониҳо тарафдории худро зоҳир намуданд (манбаъ: сомонаи Islam today/ 22/08/2012). Аз ин нақшаи назарсанҷӣ маълум шуд, ки дар баъзе кишварҳои исломӣ(Урдуну Миср) бо тарафдор будан ба аҳкоми шариат, сохтори низоми ҳокимияти демократиро афзал мешуморанд, ки ин аз вижагиҳои ин давлатҳо буда, нишон медиҳад, ки агар инсофу адолат риоя шавад, дар системаи давлатдорӣ меъёрҳои демократӣ метавонанд бо аҳкоми шариат ба ҳам оянд ва намояндагони исломӣ бо такя ба меъёри адли илоҳӣ ва ихтиёри интихоботи шаффофу озод ситемаи муосири давлатдориро ба манфиати рушду нумуи ҷомеа такмил диҳанд. Ин назарпурсӣ собит мекунад, ки дар кишварҳои исломӣ риояи меъёрҳои демукратӣ бояд ба хусусиятҳои ҷаҳонбинии мусалмонон мутобиқ ва одоту рафтори онҳо дар мадди назар бошад. Зеро агар меъёрҳои демукратиро, ба қавли баъзе аз муҳаққиқони исломӣ, таҷассуми аҳкоми адлу инсоф ва баробарҳуқуқӣ бо мазмуни қуронӣ шарҳ диҳем, дар масъалаҳои умдаи ҷомеа ҳеҷ таноқузе байни шариату демократия ба вуҷуд намеояд.

3.Рақобати носолим ё таҷдиди “ҷанги сард”

Олами ислом ҳамчун ҷисми ягона аз ҳар бурду бохт бояд мутаасир гардида, ба аксуламал намудан ба чолишҳои мухталиф омода бошад. Мутаассифона, солҳост, ки пайкараи олами ислом ҷисман ва руҳан маҷруҳ аст. Дар ағлаби манотиқи исломӣ ташаннуҷу даргириҳо давом доранд. Дине, ки маънояш сулҳу осоиштагист гуё омили вазъи ногувори пайравонаш гаштааст. Аммо ҳақиқат ин нест, ки мо аз он бардошти сатҳӣ дорем. Баръакс мусалмонон бо сабабҳои ақибмондагии фикрию иқтисодӣ чун асарҳои собиқ имруз ҳам бозичаи дасти неруҳои ғаразноки дохилию хориҷӣ ва василаи бархурди манофеи абарқудратҳо гаштаанд. Дар замони муосир манофеи мутазоди геополитикӣ кишварҳои мусалмоннишинро ба манотиқи набарду озмоиши аслиҳа, ба фазои ҷанги иттилоотӣ ва иқтисодӣ табдил додааст. Мусалламан, зери таъсири чунин авзои манфӣ неруҳое руи кор меоянд ва дастгирӣ мешаванд, ки барои амалӣ шудани аҳдофи муғойир ба манофеи мусалмонон хидмат намоянд. Роҳбарони муосири кишварҳои мусалмонӣ бояд ин воқеиятро дарк намуда, омили иттиҳод, кафили риояти меъёрҳои қонунӣ ва сарҷамъии миллатҳояшон гарданд, на ба тафриқаандозӣ мусоидат кунанд.

Аммо дар Тоҷикистон бо наздикшавии маъракаи интихоботӣ сафару зиёратҳо зиёд шуда, дар чунин марҳилаи ҳассос муносибатҳои носолими ғайрипракматикӣ бо мухолифин, хоссатан, неруҳои исломӣ мушоҳида мешавад. Лаҳни гуфтор бо эшон тундтар ва маъракаи тавҳину ҳақорат хеле боло рафтааст. “Қаҳрамонҳои нав” мунтазам ба майдон меоянд, то ҳеҷ ниҳоде аз ин сабқати сиёҳкунӣ ақиб намонад. Мутассифона, ин ҳама мазҳакаҳои сиёсӣ дар сатҳи баланд давлатӣ дастгирӣ ёфта, тавассути ВАО пахш карда мешавад. Аз тарафи дигар бошад, бо ҳар васила ба неруҳои исломию арбобони мустақили динию зиёиёни огоҳ аз ибрози андеша тавассути ВАО-и ҳукуматӣ, бахусус, электронӣ, ки моли миллӣ аст, монеъа эҷод гардида, аз вохуриҳои эшон бо мардум ҷилавгирӣ ба амал меояд. Шахсиятҳои машҳури сиёсию тоҷирони маъруф бо парвандаҳои мубҳам ба иттиҳому ҳабс маҳкум карда мешаванд Бо шеваи низоъангез бастани роҳи табиӣ ва қонунӣ паҳн шудани ақидаҳои эшон аз поймолкунии ҳуқуқҳои конститусионии шаҳрвандон ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ маҳсуб мебошад. Ба қавли коршиносон, вуҷуди ҳизбҳои динӣ ва шаффофияти фаъолияти онҳо аз омилҳои амну суботи кишварҳои мусулмонӣ буда, бархурди носолим боиси халалдоркунии ин тавозуни сиёсӣ ва ба чолиши номатлуб кашидани ҷомеа буда метавонад. Ба назар мерасад, ки дар муносибат бо исломиҳо меъёрҳои демукратӣ, амдан нақз карда мешаванд. Имруз дар Мисри араб рузномаҳову воситаҳои электронии ахбории тарафдори исломгараёнро масдуд ва боз онҳоро ба ифротгароӣ муттаҳам мекунанд, мардумеро, ки ба сабаби ҳабси президенти мунтахаб ба майдонҳо рехтаанд ва тазоҳуроти осоишта мекунанд, муҷриму ифротгаро мехонанд ва ба зиндон равона мекунанд.

Пушида нест, ки низомиҳои Миср бе мувофақа бо Кохи Сафед ба ин иқдоми манфӣ-инқилоб даст намезаданд. Бешубҳа, мустаҳкаму пойдор мондани низоми бомувафақияти ҳокимият бо ширкати исломгароён боиси бедорӣ ва болоравии руҳияи мусалмонон, бахусус, кишварҳои ҳамҷивор,яъне монархҳои исломӣ - вобастагони Амрикову Ғарб мебошанд. Аз ин ру, ин таҷруба бояд буғию маҳв гардида, исломгароён аз сиёсати фаъол дур карда шаванд. Аз тарафи дигар, аз муносибати ҳадафмандонаи абрқудратҳо бо олами ислом чунин натиҷагирӣ дуруст меояд, ки дар бадали муколамаи тамаддунҳо “ҷанги сард” ҷадид ба кишварҳои мусалмонӣ, хусусан доираҳову ҳаракатҳои исломӣ дорад шакл мегирад, зеро устувор шудани афкори исломӣ - паёми адлу инсоф, ахлоқи ҳамида, озодии баён, гуногунандешӣ, сабру таҳаммул,баҳсу муколамаи неку, арзишҳое, ки руҳу мароми башарият ва истиқрори амнияту осоиштагӣ беш аз ҳар вақта ба он ниёз доранд, аҳдофи мудирони сиёсати нави ҷаҳониро халалдор ва зери суол мегузорад. Бинобар ин, аз рақобати солим бо ин неруи пешбар ҳарос доранд. Абарқудратҳо барои амалӣ шудани манофеи сиёсию иётисодии хеш низомҳоеро сари қудрат мехоҳанд бинанд, ки дар тамоми масоил зери машварати онҳо фаъолият намоянд. Муддаъиёни демократия вобаста ба манофеи тағйирёбанда ва аҳдофи дурнамои хеш чун ҳар вақта муносибати “як бому ду ҳаво”- ро пеша кардаанд. Ин воқеиятест, ки аз он наметавон чашм пушид ва атрофи он бояд ҳарф зад.
Мӯҳр
Браво! Брависсимо Асадулло!
Чунин як масъалаи мураккабро дар як он "асоснок" намуда, ва дар як мақола шарҳ додан на ба ҳар як кас муяссар мегардад. Лекин бародари гиромӣ "принсипҳои озодии баён, интихоби дину оин, чандандешӣ ва низоми шуро дар давлатдорӣ, барқарории адлу инсоф, ҳамзистии осоиштаи фарҳангҳо, риояти ҳуқуқҳои аққалиятҳои миллии ғайриисломӣ, таҳаммулпазирӣ ва эътирофи моликияти шахсию тиҷорати озод, ташкили гуруҳҳои таблиғу даъват ҳамчун усулҳои асосии ҷомеадории исломӣ вобаста ба ҳолату шароит ва давраҳои мухталифи замонию маконӣ аз вижагиҳои мумтози давлатдории Хилофат будааст"-ро аз куҷо гирифтӣ?
Магар бофтаҳои хаёланд" Фикр мекунам аз ин беш нест, ба мисли донишу афкори шумо Асадулло.

Бародари азиз каме бештар матолиби тахлилии замонхои мухталифро мутолиа намуда, ба мушкилоти олами ислом амиктар машгул шуд ва ба худ савол гузошт, чаро бо мансубият ба ин дини илохи ва имконоти худододи миллати мусулмон дар зиллат карор дорад.. Вале хак ба чониби шумост, ки дар як маколаи хурд ба чунин масъалаи бахснок наметавон посух гуфт,. Мавзуъ боз аст ва андешахо интизори китобат!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)