Қоидавайронкунии шаҳрванди Чин ду кушта ва ду маҷруҳ барҷой гузошт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нақзи қоидаҳои ҳаракати роҳ аз ҷониби шаҳрванди Чин дар киллометри 39-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб-Хоруғ ду кушта ва ду маҷруҳ барҷой гузоштааст.
Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, рӯзи 3-юми августи соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулан», Мухтори Рӯзӣ, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи вилояти Атуши Чин, ҳангоми ҳаракат ба самти Душанбе, дар километри 39-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб-Хоруғ, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ мебарояд. Дар натиҷа бо автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106», таҳти идораи шаҳрванд Назаров Бобомурод Гулмуродович, соли таваллудаш 1956, истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод, бархӯрдааст.
Ба иттилои манбаъ дар натиҷа ҳар ду ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106» Назарова Сарвиноз Боймуродовна, соли таваллудаш 1996 ва Мирова Гулбаҳор Шеровна, соли таваллудаш 1961, сокинони Файзобод, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |