Сокинон раиси вилоятро барои дашном "лату кӯб" карданд
Дар Узбакистон барои аввалин бор як раиси вилоят бо ҳамон лаҳне, ки бо сокинон суҳбат мекунад, посух гирифта, ба иттилои ғайри расмӣ ҳатто мавриди лату кӯб низ қарор гирифтааст.
Торнамои “Uzmetronom” менависад, Аҳмад Усмонов, раиси вилояти Тошканди Узбакистон аз тарафи сокинони яке аз навоҳии вилотяи мазкур бо номи модараш дашном шунида, ба гуфтаи бархеҳо ҳатто латукӯб низ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин даргирӣ ҳангоми боздиди Усмонов аз ноҳияи “Кибарай”-и вилояти Тошканд ба миён омадааст. Дар ин боздид, ки ҳадаф аз он тахриби биноҳои ба гуфтаи Усмонов, “нобоб” будааст, раиси вилояти мазкур чун дигар мақомотҳои узбак барои таҳти итоати худ даровардани сокинони маҳаллӣ бо шеваи тунд ҳарф зада, ба номи модарашон сокинонро дашном додааст.
Бояд гуфт, ин хабар то ҳол рад ё таъйиди расмии худро аз ҷониби мақомоти узбак наёфтааст.
Гуфта мешавад, агар дар забони русӣ дашном ба номи модар як чизи “одӣ” намояд, аммо мардуми узбак ба ин мавзуъ бисёр ҳасос мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |