Убайдуллоев аз Оҷонсии зидди фасод хост, кор дар роҳҳои Душанберо санҷад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, охири ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ, ҷараёну сифати корҳои сохтмонӣ ва таъмири роҳҳои пойтахтро ба баррасӣ гирифтааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ дар ҷаласа дар радифи масъулини шаҳрдорӣ роҳбарони ширкатҳои пудратии иншоотҳо, аз қабили ширкатҳои «Сохтмон таъмир», «Роҳи Тоҷик», «Идеал - Сервис», «Строймет», «Компанияи Роҳсоз - 7», «Мостотряд», «Сохтмон дар асри нав», "Проммонтаж" ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и Душанбе ширкат варзидаанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе дастур додааст, ки санҷишҳои мутақобиларо дар иншоотҳои «Азнавсозии кӯчаи Н.Қарабоев (қисмати шарқӣ ва ғарбӣ аз кӯчаи Ҷомӣ то кӯчаи Ҷанубӣ)», «Азнавсозии кӯчаҳои Лоҳутӣ, Меҳнат, Шарқ баромад ба кӯчаи М.Турсунзода», «Азнавсозии кӯчаи А. Навоӣ (аз буриши хиёбони Б.Ғафуров то дарвозаи ғарбӣ)», «Азнавсозии кӯчаи Соҳилӣ аз хиёбони С.Шерозӣ то буриши кӯчаи Ҷомӣ, марҳилаи якум - кӯчонидан, таҷзия ва васлу сохтмони хати барқии ҳавоии баландшиддати 10кВ, девори муҳофизатӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ, таҷдиду васли хатҳои оби гарм, газ ва алоқа»,«Азнавсозии кӯчаи С.Айнӣ - хиёбони С.Шерозӣ (аз майдони С.Айнӣ то майдони Ғалаба)», «Азнавсозии кӯчаи Лоҳутӣ аз кӯчаи С.Айнӣ то гардиши кӯчаи Шотемур», «Азнавсозӣ намудани қисмати ғарбии кӯпруки хиёбони С.Шерозӣ - кӯчаи Соҳилӣ ва гардишҳои нақлиётии он»,«Азнавсозии чорроҳаҳои кӯчаҳои Борбад - Ҷомӣ», «Азнавсозии кӯчаи Умари Хайём (аз кӯчаи М.Турсунзода то баромад ба хиёбони Рӯдакӣ)», «Азнавсозии кӯчаи Соҳилӣ аз хиёбони С.Шерозӣ то буриши кӯчаи Ҷомӣ» - марҳилаи дуюм «Корҳои омодагӣ ва сохтмони роҳу пиёдароҳҳо, зинапояҳо, васли аломатҳои бехатарӣ, нишонагузорӣ, сохтмон ва васли равшании берунӣ, чароғакҳои роҳнамо», «Таъмири асосии кӯчаи Ш.Руставелӣ (аз хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи М.Турсунзода)», «Таъмири асосии кӯчаи Н.Ганҷавӣ (аз тарабхонаи «Бохтариён» то гардиши кӯчаи Раҳимӣ)», «Таъмири асосии кӯчаи Раҳимӣ (аз кӯчаи Н.Ганҷавӣ то буриши хиёбони Сино)», «Сохтмони девори бетонӣ, тахту ҳамвор кардан ва кабудизоркунии хамгашти паҳлӯи шарқии хиёбони Ҳ.Шерозӣ аз Маҷмааи фарҳангии «Пойтахт-80» то буриши кӯчаи С.Носир», «Сохтмони селпарто тариқи кӯчаи Саид Носиров» ва «Барқароркунии чокҳои деформатсионии кӯпрук - гузаргоҳи кӯчаҳои А.Дониш - М.Назаршоев» ба роҳ монад.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ имсол дар 22 кӯчаву хиёбонҳои Душанбе, роҳҳои мошингарду пиёдагардҳо, қубурҳои обию равшанидиҳандаҳо ба маблағи 228 миллион сомонӣ сохтмону азнавсозӣ карда мешванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |