Пешниҳоди Митрохин барои бозгашти низомиёни рус ба Панҷ ва марз бо Узбакистон
Сергей Митрохин, раҳбари ҳизби “Яблоко”-и Русия ва номзад ба раисии шаҳри Маскав дар мулоқот бо ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, шароити хуби кориро ваъда дода бозгашти низомиёни русро ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва лозим бошад ба марзи Тоҷикистон бо Узбакистон зарур хондааст.
Тавре сомонаи расмии ҳизби “Яблоко” хабар медиҳад, Митрохин пеш аз ҳама муҷозоти корфармоёни бевиҷдонро муҳим гуфтааст, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кор гирифта, тамоми ҳуқуқҳояшонро нақз мекунанд. Ӯ шаффофияти кори мақомоти Русия ва сода гардондани вуруд ба ин кишварро ваъда додааст.
Дар мавриди марз Митрохин таъкид намудааст, ки бояд низомиёни рус дубора ба марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамчунин имкон дорад ба марзи Тоҷикистон бо Узбакистон баргарданд. Ӯ набудани назорати пурзӯри низомиро дар дарёи Панҷ барои Русия хатарзо хонда, ҳушдор додааст, ки баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли оянда, эҳтимоли авҷи муборизаи толибон вуҷуд дорад: “Дар натиҷа аз Афғонистон тавассути кишварҳои Осиёи Миёна ба Русия метавонанд, гурезаҳои зиёд интиқол ёбанд ва дар миёнашон метавонанд диверсанту террорист низ бошад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |