Ташкили шуъбаи махсус алайҳи нашъаҷаллобони майдафурӯш
Рустам Назаров, роҳбари Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, барои дастгир кардани майдафурушони маводи мухаддир гуруҳи махсус ташкил кардаанд.
Генерал Назаров зимни як нишаст дар Душанбе гуфт, дар сохтори Раёсати фаврии агентӣ як шӯъбаи махсуси иборат аз 8 нафар ташкил гардид, ки давоми се моҳи фаъолияташ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 17 нафарро барои майдафурӯшии маводи мухаддир боздошт кардааст. Назаров афзуд, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон нисбат ба солҳои гузашта пурзӯртар шудааст. Танҳо давоми се моҳ зиёда аз 3 тонна маводи мухадир мусодира шудааст. Ӯ афзоиши мусодираи маводи мухаддирро дар он медонад, ки кишти нашъа дар ҷумҳурии исломии Афғонистон зиёд шудааст.
Раиси Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз хабарнигорон ва намояндаи шаҳрвандӣ дархост кард, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунанд: "Шумо ҳам аъзои ҳамин ҷамъият ҳастед, вақте як ҳамсоя ё дилхоҳ шахсеро медонед, ки бо ҳамин корҳо даст дорад, биёед ҳамкорӣ кунем. Дар бораи мусоидат ба мақомотҳои дахлдор қонун аст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |