«Идоракунии захираҳои инсонӣ, банақшагирӣ ва идораи тиҷорат».
Таҳти чунин унвон имрӯз дар вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар семинари вижа баргузор гардид. Ба иттиллои маркази матбуотии ин вазорат дар семинар масоили марбут ба рушди бахши хусусӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрии ин бахш баррасӣ шудааст. Семинари мазкур ба мусоидати агентии байналмилалии ҳамкории Ҷопон (JICA) дар якҷояги бо вазорати рушди иқтисод ва савдо ташкил шудааст, ки дар он намояндагони мақомотҳои давлатӣ, аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорони Тоҷикистон ширкат намудаанд.
Зимнан, қайд гардид, ки бахши хусусӣ қувваи асосии пешбаранда дар равандҳои иқтисодию иҷтимоӣ буда, гузашта аз ин, бахши мазкур яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ ба ҳисоб меравад. Лозим ба ёдоварист, агентии байналмиллалии ҳамкории Ҷопон (JICA) мусоидати техникии худро ба Тоҷикистон аз соли 1991 оғоз намуда, соли 2006-ум намояндагии худро дар Тоҷикистон кушодааст. Агентӣ барномаҳои зеринро дар Тоҷикистон амалӣ намуда истодааст: «Барномаи ҳифзи саломатии модару кӯдак», «Барномаи бо обтаъминкунӣ», «Барномаи пешгирии офатҳои табиӣ», «Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи рушди деҳот ва саноат», «Барномаи беҳтаргардонии роҳҳо ва нигоҳдории онҳо» ва «Барномаи рушди иқтидор». {jathumbnail off}
Мӯҳр