Шикори мошинҳо бо “глушител”-ҳои гушхарош дар Душанбе
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, мегӯяд, вақтҳои охир дар кишвар қисми садопасткунанда ё худ глушителҳои овозашон баланди ғул-ғуладор афзоиш ёфтааст ва ин боиси халалдор гардидани оромӣ дар шаҳри Душанбе шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, бо мақсади пешгирӣ ва манъ намудани истифодаи cадои баланди ғул-ғуладор дар мошинҳо амалиёти махсусро оғоз намудааст, ки айни ҳол идома дорад.
Ба иттилои Бозрасии давлатии автомобилӣ то ҳол нозирони роҳ зиёда аз 40 далели истифодаи воситаи нақлиёт бо садои аз меъёр баландро ошкор кардаанд ва нисбати ронандагон, ки аксаран ҷавон будаанд, санади маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, амалиётро барои таъмини оромӣ дар Душанбе идома хоҳад дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |