Бахшҳо

Собиқ мушовири Э.Раҳмон: "Ба мо... диктатор даркор нест"

Иброҳим Усмонов, донишманди тоҷик ва собиқ мушовири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, низомеро, ки дар он миллатҳо ба сар мебаранд, бояд Созмони Милали Муттаҳид интихоб кунад.

Иброҳим Усмонов, ки рӯзи 2-юми август дар нишасти “Дурнамои ҷаҳони Ислом: демократияи номуваффақ ё бозгашт ба авторитаризм” дар қароргоҳи ҲНИТ суҳбат мекард, гуфт, “агар маро пурсанд, ки демократия даркор аст ё не, ман мегӯям, не! Ба ман демократия лозим нест. Шояд ба халқи ман низ даркор набошад. Диктатор даркор аст ё не, ман боз мегӯям, диктатор даркор нест. Зеро давлат бояд озод бошад. Пас роҳи дигари ислоҳ, ки низом диктаторӣ нашавад, лозим аст ва фақат ба ин роҳ Созмони Милали Муттаҳид бояд машғул шавад.”

Ба гуфтаи ин донишманди тоҷик баландтар аз СММ ниҳоде дар дунё нест ва он бояд бо ҳимояти манофеи милаттҳо машғул бошад: “СММ ҳамчун иттиҳоди миллатҳои ҳамаи дунёву давлатҳо, ки баландар аз он дигар ниҳоде нест, бояд манфиатҳои миллатҳоро ҳимоя кунад.”

Вале Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин бора назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, вогузор кардани тақдири миллатҳо ба як ниҳоде, ки аъзои он миёни худ ба тавофуқ намерасанд, кадом як мушкиле ҳал нахоҳад шуд: “СММ ва Шӯрои Амният 5 кишваре мебошанд, ки дар бораи диктатура ва демократия дидгоҳи ягона надоранд. Русияву Чин дидгоҳи комилан дигар ва Амрикову, Британия ва Фаронса назари дигар доранд. Агар мо боз тақдири миллатҳоро ба дасти СММ ё Шӯрои амният диҳем, ки онҳо дар ягон масъалаи калидӣ то кунун ба тавофуқ нарасидаанд, боз худро мо вориди як бунбаст мекунем.
Мӯҳр
рустам
чи фикри аблахонае. ин хама кишвархо дар дунё, СММ чи тавр метавонад сохтори ин ё он давлатро муайян кунад, мухтарам И.Усмон? бо таваччух ба ин ки чангу чидол нисфи дунёро фаро гирифтааст?

Фирку акидае,ки ягон мантик(логика)надорад.Демократия даркор нест,диктатор хам даркор нест.Ленин гуфта буд,ки-"Нельзя быть наполовину беременным".Ман фикр мекардам,ки ин шахс катар окилтар(((

Ин чи донишманди аст ки такдири миллаташ ро ба миллатхои дигар медодааст, магар хамин шурои амнияти миллали мутахид магар то хозир кадом мушкили миллатхоро хал намудааст, ки аз моро хал кунад!? Мо ояти курондорем ки худованд мефармояд хич кас дакдираш ро хал намекунад магар бо дасти худаш, яьне мо хамаги бояд бо хам мутахидшавемудар фикри ободиву зебоию хуррами ватани хеш бошед, ёин ки ик бол мефармояд
Худованд миллатиро сарвари дод,
Ки такдираш ба дасти хиш бинвишт,
Ба он миллат сару кори надорад,
Ки дехконаш барои дигарон кишт.

Барои хами донишманди оликадр бояд мунтазири омрикою русия, чину эрон нашуду худамон бояд бояд ватан азизамонро ободу гулафшон кунем

Ин чаноби профессори сохаи адабиёту таърих ва сиёсат хам,мисли шоир Бозор Собир,акидахояш акнун дигаргун шуда истодааст.Магар даврони пири кадам зада истодааст,ки олими филолог,гох дар холатхои фаромушиву гох дар холатхои гуногунакидаги,худро дармеёбад.Ман бо хурмат ба ин устод(харчанд шогирди у набудам),хотирасон кардани хастам,ки магар хамин демократия набуд,ки дар курсихои гуногуни сиёси хело нишаст карда будед.Устоди донишгох будед,аз донишгох оромона ва бе хайру хуш ба хучрахои кории бинохои хукумати ва дарбори президенти омада,одами "хукумати" шудед.Хубтараш барои шумо амал кардан дар сохторхои давлати буд,аз оне,ки дар байни шуру гавгову бесаранчомии донишчуёни донишгох як умр асабониву хаста гаштан.Албатта, шумо ба ин хам хак доштед.Чунки истеъдоду кордониву махоратхои ичрокунандагиро сохиб будед.Лекин барои он ки дигарону чамъият шуморо хуб фахманд,як раванди дигаре дар чомеа лозим буд-демократия.Махз бо сабаби чойгузинии демократия шумо,шумо зинахои дигари сиёсиро сохиб гаштед.Ба кулли ва пурраги метавонам гуям,ки шумо хамчун шахсияти бофархангу бомаърифату бохирад,худ аз он хучрахову зинахо берун шудед.Чунки ба гуфти Эйнштейн,он маълумоту махорату донишу хирадмандии шумо,шуморо нагузошт,ки шахси тамоман дигар шавед.Устоди мухтарам,пай мебарам,ки барои миллату Точикистон дили шумо сахт месузад.Бисёр инсони бузург хастед.Бовари дорам,шумор сар то сари чумхурии Точикистон хурмату эхтиром менамояд.Зеро,шумо ягон маротиба бар зидди дину оину урфу одатхои миллии хеш ва миллати худ сухани ночое нагуфтаед.Харчанд,ки чомеаи точику точикистони хам бе камбудиву норасогихо нестанд."Ба мо диктатор хам лозим нест" гуфтед.Агар диктатор,танхо рохбаре бошад,ки порахурону махалгароёну игвоангезон ва мансабдорони беинсофу хунхорро зери "шиканча" гираду боки мардуми оддии кишварашро химоя созад,ман тарафдори чунин диктатор хастам.Рохбаре,ки мардумаш дар хоричи кишвар талафоти чониву маънави медихаду,дар мамлакаташ занхо худкуши мекунанду духтарон худро ба дарьё гарк месозанд,у бошад,бо "корпуси дипломатиаш" гаштаву баргашта раксу сурудхони мекунад,на диктатор асту на сарвару масъул,балки мансабдустору вазифаошик аст.Бинобар ин шумо, дар байни онхо маънави чойи худро хеч гох нахохед ёфт.Маънавияту идроку фахмиши шумо дигару дигар аст.

Ман хайронам, ин "босавод" бо ин акидаахояш чй тавр мушовири президент шуда кор кардааст?!!! Чои у на мушовирй балки мушовири раиси колхоз бояд мешуд!!!!

Bla bla
Сафсата! Бехуда аз мушовири нарондиян ин мардака.

Ба Сухроб!
У дар хакикат мушовири раиси колхоз буд

нодир
Макола, масъала ва андешахои бемаънии сафсатаасос. Мисли чумлае ки ман бо худам ба мактаб меравам. Аз андешаи ин чанобони бекор ягон чи фахмида намешавад. Бехтараш хамаатон сокит бошед.

р
Ин "донишманд" дар замони социализм хеле хурда чарида гашт. Ана хамон сохтори социалистиро мехохад, лекин руирост гуфтан шарм медорад.

Инро муллоимхунук мегуянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)