Ирсоли гуруҳи махсуси зидди мухаддирот ба Бадахшон

Гурӯҳи махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, ки 2-юми август ба Бадахшон раҳсипор шуд, сар аз имрӯз, 3-юми август фаъолияти фаҳмондадиҳию профилактикии зидди мухаддиротро дар навоҳии наздимарзии вилоят оғоз намуд.
Тавре аз Агентӣ хабар доданд, дар доираи сафари мазкур ташкил ва гузаронидани корҳои профилактикӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни истиқоматкунандагони ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон дар назар буда, мақсад аз он ҷалби диққати сокинон ба пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо ҷиноякорони мухаддиротӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ба иттилои ин ниҳод бригадаи таблиғотӣ, ки ба ҳайати он мутахассисони Агентӣ, табибон-наркологҳо, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ҳунармандон ва хабарнигорон шомил мебошанд, аз 3 то 7 августи соли ҷорӣ дар бозорҳои наздисарҳадии «Ишкошим», «Тем»-и шаҳри Хоруғ ва «Рузвай»-и ноҳияи Дарвоз бо лексия, сӯҳбатҳо ва саҳначаҳои профилактикӣ баромад хоҳанд кард.
Агентии назорати маводи нашъаовар мегӯяд, гузарондани чунин мулоқотҳо дар навоҳии наздисарҳадии дигари Тоҷикистон низ дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |