Кӣ ҳақ мегӯяд: Маҳмад Раҳимов ё Раҳматулло Зоиров?

Маҳмад Раҳимов, раиси Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон, иддаои Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократӣ ва роҳбари консорсиюми юридикии Тоҷикистонро, ки Эмомалӣ Раҳмон дигар қонунан ҳаққи пешниҳоди номзадӣ ба президентро надорад, беасос хонд.
Раҳимов зимни як нишаст дар Душанбе гуфт, “ақидаи на ҳама шахсият қонун аст. Хоҳиши Раҳматилло Зоиров қонун шуда наметавонад. Раҳматилло Зоиров ҳам ҳуқуқшинос аст ва дар Тоҷикистон ҳамин хел ҳуқуқшиносҳо ҳазорҳотоянд. Масъалае, ки Раҳматилло Зоиров дар бораи он ибрози ақида кардааст, нав нест ва даҳҳо бор мавриди муҳокима қарор гирфтаасту дар интихоботи пешинаам буд.”
Раиси маркази қонунгузории назди президент таъкид намуд, чизи асосие, ки бояд пеш аз ҳама ба назар гирифта шавад, ин иродаи халқ аст: “Яъне халқ чӣ мехоҳад, ҳамон асосӣ аст. Конунгузорӣ, конститутсияи Тоҷикистон ҳам муайян кардааст, кӣ метавонад ду ҳафтсола президент интихоб карда шавад. Боқӣ боз интихобот мешавад, баҳсҳо оғоз меёбанд ва дар ҳамон ҷо мебинем, кӣ ҳақ аст. Як тарафро баҳо додан ҳам қобили қабул нест.”
Маҳмад Раҳимов бо зикри он, ки ҳар сарбоз орзӯи генерал шуданро дорад, ба Зоиров маслиҳат дод, ки беҳтар аст, китобҳои илмӣ нависад, то миллат аз он истифода барад.
Қаблан Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот эълон кард, ки раисиҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ наметавонад номзадиашро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кунад. Зоиров дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, ки бино бар қонунҳои Тоҷикистон як шахс наметавонад беш аз ду бор пайиҳам президент интихоб шавад. Зоиров он изҳоротро, ки гӯиё Эмомалӣ Раҳмон бо иловаи тағйиру иловаҳо ба банди 4 моддаи 65-уми Қонуни асосӣ дар моҳи июни соли 2003 имконият ба даст овардааст, ки то соли 2020 президент бошад, “миф” хонд. Зоиров таъкид кард, ки маҳз банди 4-и моддаи 65-уми Конститутсия муайян намудааст, ки як шахс наметавонад, беш аз ду бор президент шавад.
Зоиров таъкид мекунад, ки салоҳияти президентии Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2004 ба анҷом расида буд, чун соли 1999-ум ӯ на барои 7 сол, балки барои 5 сол президент интихоб шуда буд. Ба гуфтаи Зоиров, замони интихоботи президентии соли 1999 муқаррароти Сарқонун аз соли 1994 амал мекард, ки муҳлати президентиро 5 сол муайян намуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |