Бахшҳо
02 авг 2013 16:21Тоҷикистон / Тема дня

Зоиров: "Маро дар пахши изҳороти беасос муттаҳам карданиянд"

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, мақомоти Додситонии кул ӯро дар баҳогузории нодурусти ҳаводиси соли гузаштаи Хоруғ муттаҳам карданиянд. Оқои Зоиров баъд аз зӯҳри дувуми август бо даъвати расмии Раёсати ҷиноятҳои махсусан муҳими додситонӣ ба Додситонии кулли Тоҷикистон ҳозир шуда буд.

Вай пас аз чанд лаҳзаи берун омадан ба “Озодагон” гуфт, далели даъваташ изҳороти ахири ӯ дар мавриди ҳаводиси Хоруғ, гумшавии раҳбари ҷамъияти узбакҳои Хатлон ва дигар масъалаҳо будаанд.

“Асосан сӯҳбат дар мавриди ҳаводиси Хоруғ буд, ки чанде пештар онро террори давлатӣ номида будам. Намояндагони додситонӣ иддао доранд, ки ман онро нодуруст баҳогузорӣ кардаам. Аммо ман ба онҳо гуфтам, ҳамаи саволҳоятонро дар шакли дуруст таҳия кунед, ман рӯзи душанбе (5 август) аз соати 11:00 то соати 18:00-и бегоҳ омада, ба ҳамаашон хаттӣ ҷавоб медиҳам ва дар зерашон имзо хоҳам гузошт. Гуфтам, ҳар нукта ва суханеро, ки дар мавриди ҳаводиси Хоруғ гуфтаам, бо далелҳояш хаттӣ ироа хоҳам кард”,-гуфт ӯ.

Дар мавриди он ки оё мақомот наметавонанд Зоировро барои изҳороти беасос муттаҳам кунанду ба ҷавобгарӣ кашанд, ӯ изҳор дошт, ки албатта чунин эҳтимол вуҷуд дорад. “Аммо ман фикр намекунам, барои ин изҳоротам, ки ман асоснокии онро исбот карда метавонам, метавонанд нисбат ба ман парванда кушоянд ё ба ҳабс гиранд”,-афзуд ӯ.

Қаблан Раҳматулло Зоиров, раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон, бо пахши як муроҷиатнома аз президент ва ҳукумати кишвар даъват намуд, ки бо дарки масъулияту мардонагӣ амалиёти низомии 24-уми июл дар Хоруғро “террори давлатӣ” эътироф кунанду фармондеҳони амалиёт муҷозот гарданд. Зоиров дар муроҷиатномааш ба президент, парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон гуфт, замони баҳогузории воқеии ҳаводиси Хоруғ фаро расидааст: “Мутмаинам, ҳаводиси моҳи июли соли 2012 дар Хоруғро ба ҷузъ як амали тарҳрезишудаи террори давлатӣ, чизи дигар номидан мумкин нест."

Раиси ҲСДТ, ки ҳамзамон раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон аст, таъкид мекунад, ки тайи солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризм, даст ба террори давлатии густурда болои аҳолии кишвар мезанад. Зоиров бо такя ба ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ташреҳ медиҳад, ки террори давлатӣ ин боздоштҳои ғайриқонунӣ, кушторҳо, гаравгонгириҳо, шиканҷа ва қатли шаҳрвандон бе тафтишоту додгоҳ аз ҷониби мақомоти қудратӣ мебошад. Бо зикри чанд асноди дигари байналмилалию илмӣ Зоиров амалиёти Хоруғро намунаи барҷастаи террори давлатӣ арзёбӣ мекунад.

Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки 24-уми июл, рӯзи ёдбуди зарардидагон аз фишору зӯровариҳои ғайриқонунӣ эълон гардад. Зоиров аз парлумон хостааст, ки ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тағйирот ворид шаванду амалиёти ғайриқонунии ҳукумат ва мансабдорон алайҳи аҳолии осоишта ба банди терроризм ворид гарданд.
Мӯҳр
7777
Нагуфтам балора намедониву зиёдарави мекуни. Худора шукур намову хакикатро гапзан на тухмату бухтонхои маъкули дили хочахои берунаро.

КУМИТАХОИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ДИГАР ДАВЛАТХО БЕХАТАРИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТРО МУХОФИЗАТ МЕКУНАНД, КАМИТАИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОНИ МО БОШАД АЗ КАФОИ ЗАЙД САИДОВ ВА ДИГАРОНАНД, КИ ЧИ ХЕЛ БОЯД ПАСТАВИТШОН КУНАНД, КИ ПРЕЗИДЕНТ НАШАВАНД.....

Rustam Rustamov,

Бале, Рустам,
мардуми тоҷик бадбахт буд, бадбахт монд. Ман баъзан фикр мекунам, дар ин ниҳодҳо (қудратӣ) на тоҷикон, балки миллатҳои ғайри, бераҳм кор мекунанд. Барои онҳо тақдиру сарнавишти мо ҳеч аст. Онҳо ба силоҳи дасти ҳокимон мубаддал шудаанд. Танҳо низоми демократии кишварҳои Урупои ғарбӣ ва Амрико метавонад ҷомеаи моро аз ин кӯчаи даҳшатноки сарбаста берун кунад. Вале то он вақт хеле зиёд мардони сарсупурдаи миллат қурбони режими худкома хоҳанд гашт.

Бас дигар ман шудан!!!! Точикистонро аз ман барворадан лозим!! Точикистон бояд МО ШАВАД НА МАН!!! Агар хамин хел Точикистон ман шавад!!!Пас воЙ бар мардуми Точикистон бекори .............Бас дигар Точикистони моли мани Точикистон ту аз мани .. Точикистон ту аз мои на аз манхо!!!!

navore bo nomi "SINDROMI DODIK" dar somona pahn wudaast https://video.yandex.ru/users/smitohn/view/8/

Интихобкунанда
Бале чонам ! боз як касеро ки эхтимоли номзад шуданаш ба макоми президнти меравад, бояд саргардони парвандаву прокуратураву ..... кунанд, Рахмон океашро аз Путин гирифт акнун бояд афкори умумиро барои гунахкор кардани чехрахо сар кунад ...як бор части малахак ду бор части малахак, ин интихоботи президенти сари чанд касро мехурад, ва барои худи хукумат хам шояд охирин даврони хукмрони бошуд, охир мансаб ба хеч кас вафо намекунад, ба мисли шикам аст ки вакте гуруснаи барои сер карданаш саросема мешави вале вакте сер шуди намедони дар кучо холиаш куни ин мансаб рузе барои талабгоронаш дарди сар мешавад сари чандин касро мехурад чандин касро аз пушти мансаб дузах интизор аст зеро сари чанид касро барои мансабашон хурдаанд хакки чандин инсонро помол кардаанд . хуш ба холи касе ки зудтар аз балои мансаб халос шавад.

нидо
ин амният худаш шахрвандонро химоят мекунад е ин ки ба чох дашноми мекашад?

Салмон
Бояд Зоиров Рахматулло хатман ба номзадии Раиси Чумхур пешбари карда шавад ва мутмаиман хамаи мардуми Точикистон ба тарафдории ин шахсияти адолатпарвару хакгую росткавл, раъй медиханд. Ягона рохи ба тарики демократи мубоиза бурдан бо фасоду ришвагири, ноадолативу бехукуки,бекориву бебарки, хешутаборбозиву махалгарои, шиканчаву саргардони,тухмату бе ягон асос ба зиндон шудан, роххои пулакиву нарххои гарони маводхои рузгор,маошхои пасту нафакахои нокифоя, монополияи навъхои тичорат аз тарафи як гурух шахрвандони наздик ба мансабдорон, ин аз чонибдории номзадии Рахматулло Зоиров дар интихоботи пешистодаи раиси чумхур овоз додан аст.

Огои Р. Зоиров зик нашавед! Худатон хостед ки мучозот шаванд гунахкорони Хруг? Ана худатон чавоб хохед дод!!))) хахаха насиб карда бошад шабакаи К+ гунахгори ходисаро меебад дар симои Р. Зоиров. Бисерхам оллллллиииии мешавад дааааа! Майдони сиесати точикба хама точикон хоханд монд!!!! Салют

Бехруз
Чунин вонамуд мекунад, ки гуё дар бораи Точикистон фикр мекарда бошад.

Чунин вонамуд мекунад, ки гуё дар бораи Точикистон фикр мекарда бошад.

Сад шукр ки макомоти прокуратура ин тухматчи, файласуф ва пастзанандаи обуруйи хукукшиносони донишмандро ба андеша водор намуд. У то кай фикр мекунад, ки тахлилхои зидиконуни ва гумрохкунандааш аз эътибор дур мемонанд. Офарин вокеан исбот шуд, кормандони макомоти хифзи хукук донишмандони асиланд.

сафар
рахматуло шумо мутахам будед ва мутахам мемонед

Шахрванд ЧТ
Мардуми азияткашидаи точикам шумо худатон ба тарафи чапу ростатон нигох кунед хамин гайр аз фитнандози ва бухл ягон зарае хизмат ба хамин мардум кардааст

Рахматулло, Шумо фикр карда гап занед, Шумо охир сиёсатмадор.Шуморо баъзан фиреб мекунад, Ин изхороти Шуморо дар Хоруг 0002 фоиз тарафдори мекунанд.

Мухлиси сомона
Ба Худо амин морда тахоратро мешиканад. Илтимос акалан пушти сарашро нишон дихед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)