Афзоиши бемории асаби кӯдакон дар Суғд
Табибон, ки дар доираи “Корвони саломатӣ” аз нукоти гуногуни Тоҷикистон дидан намудаанд, дар шимоли кишвар афзоиши бемории асаби кӯдаконро сабт кардаанд.
Тавре аз вазорати тандурустӣ хабар доданд, ба табибон дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он, бештар гирифторони бемориҳои асаби кӯдакона ва калонсолон бо бемориҳои ҷоғар, диабети қанд, бемориҳои дил, гӯшдарду гулудард ва бемориҳои дарунӣ муроҷиат намудаанд.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар доираи лоиҳаи “Корвони саломатӣ” дар Суғд наздики сад мутахассиси баландпояи тиб ба духтурони маҳаллӣ роҳҳои муосири ташхису табобат ва ҷарроҳиҳоро омӯзонида, барои сокинони маҳаллӣ маслиҳату машварат, ташхису, табобат ва ҷарроҳиҳои ройгонро анҷом додаанд.
Қаблан “Корвони саломатӣ” ба вилояти Хатлон, водии Рашт, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб ва ба шаҳри Хоруғи ВМКБ сафар карда, ташхису табобатҳои ройгонро ироа намуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |