Бахшҳо
21 июл 2011 11:36Гузориш

Дар моҳи Рамазон кӣ нархро «лаҷом» мезанад: Роҳи оҳан ё Тоҷикматлубот?

Рамазон дар пеш аст ва масъулини бархе аз ниҳодҳои Тоҷикистон мегӯянд, дар ин моҳи шариф аз болоравии нархҳо ҷилавгирӣ хоҳанд кард.Сироҷиддин Валиев, раиси «Тоҷикматлубот» ва сарвари КВД «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон,  Амонуллоҳи Ҳукуматулло ахиран дар ин бора дар нишастҳои матбуотӣ ибрози назар карданд. 



Танзими нарху наво дар чанд моҳи охир дар маркази таваҷҷӯҳи мақомоти давлатӣ қарор гирифтааст ва дар баъзе ҳолат ба назар мерасад, ки аз усули иҷбории корбарӣ низ истифода мешавад. Аммо ба андешаи коршиносон танзими нарх ба таври маҷбурӣ мухолифи шароити иқтисоди бозор аст, ки Тоҷикистон даъвои гузариш ба ин навъи бозорро дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи Рамазон наздик аст ва агар пеши баландшавии нархҳо гирифта нашавад, қобилияти харидории мардум боз пасттар мешавад.

Танзим, яъне чӣ хел?
Дар як моҳи ахир қимати молу маҳсулот дар бозорҳои кишвар ниҳоят боло рафтааст ва ахиран дар робита ба ин дар Тоҷикистон тарҳи муқаррароте барои коҳиши қимати маҳсулоти ниёзи аввал таҳия шудааст. Идораи зиддиинҳисории Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки мизони арзиши изофӣ дар фурӯши чакана ба ин навъи маҳсулот маҳдуд карда шавад. Акбар Хоҷаев, як масъули идораи зиддиинҳисории Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки дар оянда агар соҳиби дӯконе аз бозори яклухт маводеро, ки вориди феҳристи маҳсулоти ниёзи аввал мешаванд, бар ивази сад сомони харидорӣ кунад, вай ҳақ надорад онро бо арзиши изофаи беш аз 20 дарсад ба фурӯш гузорад. Тарҳи чунин муқаррарот таҳия ва барои баррасӣ ба ниҳодҳои дигари давлатӣ пешниҳод шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар он бахшҳои иқтисод, ки рақобати солим вуҷуд дорад, фаъолияти корхонаҳоро дар шароити бозор давлат танзим намекунад. Бо вуҷуди он ки ин муқаррарот то ҷое хилофи рақобати солим аст, вале дар шароити феълӣ барои коҳиши нархҳо ин тасмим зарур аст, мегӯянд таҳлилгарон. Ба андешаи онҳо бояд барои маҳсулоти ниёзи аввал чунин мизони арзиши изофие интихоб шавад, ки тоҷирон ҳангоми фурӯши онҳо зарар набинанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон нархҳо дар ҳамон ҳолат муътадил хоҳад шуд, ки истеҳсоли маҳсулот ба талаботи аҳолӣ ҷавобгӯ бошад. Агар маҳсулот зиёд шавад, нархи он ҳам пойин меояд. Дар ин сурат вазорати кишоварзӣ бо дарназардошти ба талаботи аҳолӣ ҷавобгӯ сохтани маҳсулоти ниёзи аввал кишти маҳсулоти навъҳои серистеъмолро аз рӯи нақшаи дурнамо ва ба ҳисобгирии дақиқ ба роҳ монад. Чун ҳамасола дурнамои кишти заминҳои кишоварзиро ба нақша мегирад ва агар бо фишангҳои махсус ин дурнамои ба талаботи аҳолӣ мувофиқро амалӣ гардонад, то андозае нархҳо муътадил мешавад. Вале дар ҳамин ҳол ба гуфтаи мовини вазири кишоварзӣ, Юсуф Султонноёбов ин ниҳод аз ягон навъи фишангҳо дар баробари кишоварзон истифода намекардааст. Ба гуфтаи ӯ вазорати кишоварзӣ аз фаъолияти назоратӣ ба машваратӣ гузашта истодааст ва танҳо тавсия медиҳад, ки дар соли оянда ин ё он навъи маҳсулот бештар кишт карда шавад, ба манфиати кор аст ва боқимонда худи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзон ихтиёр доранд, ки чӣ кишт кунанд.

Аз Ваҳдат то Душанбе фарқ 3 баробар!
Бо ин вуҷуд ҳама сола вазорати кишоварзӣ дурнамои майдони кишти пахта, гандум, картошка ва як қатор маҳсулотро майян карда, дар охири сол аз натиҷаи он ҳисобот медиҳад. Вале ба қавли мовини вазири кишоварзӣ истифодаи фишанг алайҳи деҳқонон мухолифи иқтисоди бозор будааст ва онҳо аз ин усул кор намегирифтаанд. Аммо дар мавриди ин ки сабаби болоравии нархҳо асосан ба талаботи аҳолӣ ҷавобгӯ набудани истеҳсоли маҳсулот мебошад, назари масъулини ин ниҳод то андозае дигар аст. Онҳо мегӯянд, ки нархи маҳсулот дар гирду атрофи Душанбе ба маротиб арзон аст ва ин нишон медиҳад, ки маҳсулот кам нест. Масалан, дар ноҳияи Ваҳдат килои помидор 1 сомонӣ аст, аммо дар Душанбе 3 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин вобаста аст аз танзими нарху наво, ки вазифаи дигар ниҳод аст, на вазифаи мо, мегӯяд Юсуф Султоноёбов. Ба гуфтаи ӯ вазорати кишоварзӣ ба истеҳсоли маҳсулот сару кор дорад, на ба танзими нарх. Дуруст аст, ки вазорати кишоварзӣ ба танзими нарх сару кор надорад, вале агар норасоии маҳсулот вуҷуд дошта бошад, номӯътадилии нарху наво низ мушоҳида мешавад, ки ин ҷо аллакай масъалаи истеҳсоли маҳсулот нақши муҳим мебозад ва ин яке аз вазифаҳои асосии ин ниҳод ба шумор меравад.

Аз болоравии нарху наво дар ҳоле гуфта мешавад, ки дар пеш моҳи Рамазон аст ва агар пешгирӣ нашавад, эҳтимоли боз ҳам болоравии нарху наво вуҷуд дорад. Дар ҳамин ҳол масъулини Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ваъда медиҳанд, ки  дар моҳи Рамазон нархи маҳсулотро то 10 дарсад пойин хоҳанд бурд. Ба қавли Сироҷиддин Валиев, раиси ин ташкилот барои танзими нархи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ аз тарафи ташкилоту муассисаҳо беш аз ҳазор сар чорво харида шуда, маҳсулоти гӯштӣ ба сокинони пойтахт ба нархи арзонтар пешниҳод мешавад.

Ахиран, раиси «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон, Амонуллоҳи Ҳукуматулло низ эълом дошт, ки дар моҳи Рамазон ба хотири таъсир расонидан ба болоравии нархҳо аз ҷониби ин корхона ярмаркаи молу маҳсулоти арзон  ташкил хоҳад шуд, ки нархи гӯшт на бештар аз 20 сомонӣ ва нархи меваҷот аз бозорҳои пойтахт 50 дар сад арзон ба фурӯш гузошта мешавад. Аммо вақт нишон хоҳад дод, ки ин тасмимҳо то куҷо амалӣ мешаванд ва масълини «Тоҷикматлбот»-у «Роҳи оҳан» то куҷо ба болоравии нархҳо таъсир мегузоранд.
Исфандиёр Халилӣ {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)