Мурофиаи паси дарҳои бастаи шоҳидони марги Икромзода
Мурофиаи додгоҳии Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду маҳбусе, ки барои паҳн кардани иттилои бардурӯғ дар мавриди шиканҷа муттаҳам мешаванд, рӯзи панҷшанбеи 1-уми август паси дарҳои баста сурат гирифтааст.
Ҳамкори “Озодагон” дар Хуҷанд мегӯяд, Мусулмон Шарифов, қозии парванда нагузоштааст, ки хабарнигорон вориди толор гардида, ҷараёни ин баҳси додгоҳиро назорат кунанд. Бо ин ҳол, вакилони мудофеи ин ду нафар гуфтаанд, дар мурофиаи рӯзи панҷшанбе ду шоҳид пурсида шудааст, ки яке аз онҳо нафаре бо номи Зоидов мебошад.
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев, мегӯяд, Зоидов аксари нишондодҳои дар рафти тафтишоти пешакӣ додаашро рад карда ва гуфтааст дар ин бора чизе намедонад. Бино ба иттилои ӯ, нишондод зоҳиран аз ҷониби муфаттиш навишта шудааст. “Вақте аз ҷузъиёти нишондоди Зоидов дар рафти тафтишот суолу ҷавоб кардем, вай тамоман хабар надорад. Бо дархости вакили мудофеъ нишондоди ӯ қироат карда шуд, вай ҳайрон шуду гуфт, ки ман ин гуна нишондод надодаам”,-афзуд хонум Воҳидова.
Абубакр Гулматов, вакили мудофеи Суннатулло Ризоев, мегӯяд, дар нишондоди Зоидов гуфта шудааст, ки “Тошев ва Ризоев гӯиё вайро дар берун посбон мондаанд, ки дар бораи кормандони муассисаи ислоҳӣ хабар ҷамъоварӣ кунад. Вай гуфтааст, чун Тошев обурӯву эътибор дошт, барои ҳамин мо метарсидем ва гуфтаи ӯро иҷро мекардем.” Дар ҳоле ки ба гуфтаи Гулматов, Зоидов дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки Садриддин Тошевро аслан намешиносад.
Мурофиаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ки аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода, сокини ҷавони Ҳисор дар зиндони рақами аввали Душанбе дониста мешаванд, рӯзи ҷумъа, 2-юми август ҳам идома мекунад. Вакилони мудофеи ин ду тан як бори дигар тариқи хаттӣ ба қозии парванда муроҷиат карда гуфтаанд, мурофиа дар толори Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шавад. Дар ғайри сурат, онҳо аз иштирок дар мурофиа даст хоҳанд кашид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |