Русия боҷи содиротиашро барои маводи сӯхт боло бурд
Русия аз 1-уми августи соли равон боҷи содиротии маҳсулоти нафтияшро наздики 3 дарсад боло бурд.
Тибқи қарори ҳукумати Русия, боҷи содиротии бензин аз ин кишвар, сар аз 1-уми август наздики 3 дарсад боло рафта, 342 доллар сари ҳар тонна ташкил медиҳад. Ба иттилои расонаҳои расмии Русия боҷи содиротии маҳсулоти нафтии дигар, аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ низ боло рафта, ба 251 доллари амрикоӣ баробар шуд.
Ин дар ҳолест, ки дар моҳи июл содиркунандагони маводи сухти русӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон барои як тонна бензин 332 доллар ва маҳсулоти дигари нафтӣ 243 доллар пардохт мекарданд.
Мақомоти Русия боҷи содиротиро барои Тоҷикистон моҳи майи соли 2010-ум ба далели узви Иттиҳоди гумрукӣ набудан ҷорӣ карда, ҳаҷми онро ҳар моҳ вобаста ба нархи нафт дар ҷаҳон пасту баланд мекунанд.
Масъалаи лағви боҷи содиротӣ барои Тоҷикистон соли сеюм аст, ки мавриди баррасӣ қарор дорад ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ, дирӯз, 1-уми август, лағви боҷро яке аз мавзӯҳои марказияш дар мулоқот бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия гуфт. Аммо дар гузоришҳои худ оиди натиҷаҳои мулоқот раисони ҷумҳур аз замони лағви боҷи гумрукӣ хабар надоданд. Дар ҳоле, ки дар мавриди созишномаи тамдиди пойгоҳи 201, муҳоҷират ва дигар масоил натиҷаҳои мушаххасро эълон карданд.
Ҳамин тариқ боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия бо вуҷуди он, ки моҳи октябри соли гузашта ва аввали соли равон дар бораи лағви он ёддошту созишномаҳо имзо шудаанд, ҳоло ҳам барои Тоҷикистон лағвношуда боқӣ мондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |