Бахшҳо
01 авг 2013 17:40Тоҷикистон / Сиёсат

Сайти ҳизби Раҳматулло Зоиров фаъол шуд

Торнамо ё сайти расмии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли ҷорӣ фаъолияташро оғоз мекунад.

Ба гуфтаи Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ, ин торнамо бо ду забон -- тоҷикӣ ва русӣ матолиберо пешкаши хонандагон мекунад. Оқои Зоиров мегӯяд, ин сомонаи онҳо ягона сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ, яъне интихобкунанда, ки дар дохили кишвар ё дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, ба шумор хоҳад рафт.

Пешвои сотсиал-демократҳои Тоҷикистон гуфтааст, дар ин сомона инчунин матолибе бо забонҳои англисию узбакӣ ва хатти форсию забонҳои дигари зарурӣ ба табъ хоҳанд расид. Ҳоло ин сомона комил нашудааст ва баъзе аз бахшҳояш матлаб надоранд. Раҳматулло Зоиров мегӯяд, базудӣ торнамои онҳо аз маълумот дар бораи ҳизб, барнома, акс ва ҳамчунин хабарҳои марбут ба интихоботу демократия ва ҳизбҳои сиёсӣ пур хоҳад шуд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон моҳи декабри соли 2002 дар Вазорати адлияи кишвар сабтином шуда, ҳамчун ҳизби мухолиф фаъолият дорад. Ин ҳизб дар анҷумани дувоздаҳуми худ дар соли 2011 номашро ба “Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократ” тағйир дод, вале дар пайи огоҳии Вазорати адлия дар моҳи майи соли ҷорӣ дубора ба номи пешинааш -- “Ҳизби сотсиал- демократ” бозгашт.

Раиси ҲСДТ гуфтааст, дар ин сомона инчунин матолибе бо забонҳои англисию узбакӣ ва хатти форсию забонҳои дигари зарурӣ ба табъ хоҳанд расид.
Мӯҳр
Ба фикрам асоси ин сомона ба забони узбаки нависта мешавад баъд ба дигар забонхо тарчума мешавад........

кулоб
Рустам,
Ачиб мардумед шумохо на дустро мешинесед на душманро

Рустам,

Рустам, ҷумлаатро хонда, ҷунон хандидамки, пас аз ифтор дубора гурусна мондам. Агар ҳаминтавр ҳаст, ман метавонам барои онҳо мутарҷим шавам. Ҷумлаҳояшонро суфтаву зебо мекунам. wink

Кухистони
Чанд асархои Пирони илму адабро сахифагардон намудам, аммо калимаи "зоир"-ро наёфтам, шояд ва бояд "зохир" бошад.Хохиш мекардам "пешвои" хизб ба ин масъала ахамият дихад,зеро дар лафзи шево ва ноби точики хато кардан нишонаи аз фарханг фарсаххо дур буданро нишон медихад. Аз "пешво" пурсиданиям,ки барои мардуми Точикистон чи корхои шоён кардааст/ба гайр аз фитначуиву тафрикаандози/,ки даъвои президент шуданро дорад?

Ман
Узбаки магар забон аст? Хизби узбакистон буданашро нишон дод. Ман мухолифи хукумат хастам дар интихобот, аммо ба ХСДТ, ХНИТ хам мукобилам. Инаш узаки ваяш мулои, е узбак мекунанд е ба тумору таштоб мегузаронанд. Хизби хокимаш ба фасодтар мекунад

Рустам аз кучо фахмиди,ки тарчума аз узбакист? ё худ узбаки? ё узбакшиноси? нет сомненый что ту узбак. даже если ты не узбак , убежден в не развитости(тупости) твоего ума!

Муслим
Ба ХСДТ БАРОРИ КОР ХОХОНЕМ ВА БИГУЗОР ДАР ХАКИКАТ ХИЗБИ МАРДУМИ БОШАД ВА БА МАНФИАТИ МАРДУМИ ТОЧИК КУШИШ КУНАНД ВА МАРДУМРО АЗ КАМБИЗОАТИ ВА ФАКР НАЧОТ ДИХАНД.

он сомона чи ном дорад?

эхсон
Мо боШумоем Рахматулло Зоиров

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)