Даъвати муфтӣ барои ҷилавгирӣ аз худнамоиҳо дар иди Фитр
Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи иди саиди Фитр ё худ Рамазон дар сартосари кишварро 8-уми август муайян намуд.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, имрӯз,1-уми август зимни як ҷалса дар Душанбе иброз доштааст, ки тибқи ҳисоби эҳҷаздабуд, рӯзи панҷшанбе, 8-уми август, соати 7:00-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди Фитр барпо хоҳад шуд, ки аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон ва оғози моҳи шаввол ба мусулмонон башорат медиҳад.
Дар ҷаласаи мазкур аз аъзои Шӯрои уламо ва руҳониён даъват шудааст, ки пагоҳ зимни намози ҷумъа ба мардум дар хусуси фазилатҳои нек ва муқаддаси иди саиди Фитр мавъиза кунанд.
Дар робита ба роҳ надодан ба худнамоию исрофкорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр ширкаткунандагон ибрози назар намуда, қайд намудаанд, ки дар мавриди густурдани хони идона, ки дар ин масъала бояд намояндагони Шӯрои уламо ва руҳониёни кишвар ба мардум намунаи ибрат бошанд.
Ҳамчунин қайд гардидааст, ки пас аз намози иди Фитр боздид аз оромгоҳон ва даст ба дуою фотиҳа бардоштан дар сари қабри гузаштагон, аёдати пиронсолон, волидайн, беморону барҷомондагон, ятимон ва дар маҷмуъ хайру эҳсон ба ин қишрҳои ҷомеа аз рисолатҳои иди Фитр аст. Дар ин ҷамъомад имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар, намояндагон ва масъулини дастгоҳи иҷроияи президент, Кумита оид ба корҳои дин иштирок доштанд.
Мавриди зикр аст, имсол дар асоси тасмими Шӯрои уламо ҳаҷми садақаи Фитр 3 сомонӣ, баробар ба 1 килою 600 грамм нархи гандум муайян шуда, ҳамчунин аз 14 ҳазор сомонӣ /$ 3000/ 350 сомонӣ /$ 75/ закот муқаррар гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |