Идораҳои нотариалии давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 243 810 амалиёти нотариалиро ба расмият дароварданд, ки аз ин ба буҷаи давлатӣ 15 062.315 сомонӣ боҷи давлатӣ ворид гардид.
Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб зиёд аст, афзуд Абдуҷаббор Қодиров, муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ.
Бино ба қавли Қодиров, 28-уми июни солои ҷорӣ маҷлиси шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методии оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, тибқи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба 28 нафар ҳуқуқшиносон барои фаъолияти адвокати ваколатдор иҷозатнома дода, мӯҳлати амали иҷозатномаи 7 нафар адвакати ваколатдор тамдид гардид.Ҳамзамон додани иҷозатнома ба 4 нафар довталаб бинобар насупоридани имтиҳони тахассусӣ рад карда шуд.
Зимнан, қайд шуд, ки аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаш моҳи соли равон 222 442 аснод, аз ҷумла 95 336 таваллуд, 41 244 ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шуданд. Мутаасифона, ба хабарнигорон дар ин нишаст дар мавриди шумораи бекор шудани ақди никоҳ ва теъдоди оилаҳои ҷудошуда маълумот дода нашуд ва вақти ҷудошуда барои конфронс ба итмом расид. {jathumbnail off}
Мӯҳр