Идораи муфтиёти Қирғизистон имрӯз 1-уми август таърихи дақиқи Иди фитро дар ин кишвар эълон кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Идораи муфтиёти Қирғизистон, ин ниҳод гуфтааст, азбаски рӯзи аввали фарорасии моҳи Рамазони соли 2013 дар ин кишвар ба рӯзи 9-уми июл рост омада буд, рӯзи 8-уми августи соли ҷорӣ Иди фитр ҷашн гирифта мешавад.
Инчунин Идораи муфтиёти Қирғизистон санаи дақиқи Иди Қурбонро дар ин кишвар муайян сохта, гуфтааст, мусулмонони қирғиз рӯзи 15-уми октябри соли ҷорӣ аз Иди Қурбон таҷлил хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Эсен Омуракунов, котиби матбуотии Идораи муфтиёти Қирғизистон гуфта буд, санаи дақиқи таҷлили Иди фитр дар ин кишвар танҳо баъд аз рӯзи 4-уми августи соли ҷорӣ маълум мешавад.
Мӯҳр