Эҳтимоли боз болоравии нархи гуфтугӯҳои телефонӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон бо назардошти талаботи Кумитаи андози кишвар имкон дорад, нархи тамосҳои телефонӣ боз боло раванд.
Ғаффур Эркаев, раиси Анҷумани дастраскунандаҳои алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар мактубе, ки ахиран аз Кумитаи андози кишвар дастрас кардаанд, гуфта мешавад, ки операторони мобилӣ барои пешниҳод намудани хизматҳои алоқаи байнишабакавӣ бояд андози аксиз ва аз зангҳои воридотии байналмилалӣ низ ҳам аксиз ва ҳам андоз аз арзиши иловашуда пардохт намоянд.
Дар ҳамин ҳол Анҷумани дастраскунандагони алоқаи мобилӣ бо як муроҷиати такрорӣ ба Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андоз ва Шукурҷон Зуҳуров раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон хоҳиш кардаанд, ки агар ин талаботи Кумита воқеист, бори дигар онро тасдиқ намоянд, то операторони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон бо назардошти ин андозҳо нархҳояшонро муайян кунанд ва меафзоянд, ки дар ин сурат нархҳо боло хоҳанд рафт.
Дар муроҷиати дастраскунандагони интернет ба Давлатов ва Зуҳуров суол гузошта шудааст, ки “минбаъд операторон арзиши хизматҳои алоқаи байнишабакавиро бо назардошти андози аксиз муқаррар намоянд? Дар ин ҳолат арзиши хизматҳои алоқаи мобилӣ қиматтар шуда, ин андоз бинобар сабаби ғайримустақим будан, аз ҷониби муштариён пардохт карда мешавад.”
Дар идома дастраскунандагон мепурсанд, ки “оё операторон зангҳои воридотии байналмилалиро бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз муқаррар намоянд, ки ин ҳолат ба музднок шудани зангҳои воридотии байналмилалӣ оварда мерасонад?”
Операторони мобилӣ такроран аз мақомоти тоҷик хоҳиш кардаанд, ки дурустии гуфтаҳои болоро тасдиқ намоянд ва агар чунин аст, операторон минбаъд бо назардошти ин нархҳояшонро муайян хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |