Бозҷӯии духтари президент дар 4 кишвари аврупоӣ
Дар чаҳор кишвари аврупоӣ амалиётҳои таҳқиқоти мавориди фасод алайҳи шарикони Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон ҷараён дорад.
Расонаҳои хабарӣ менависанд, дар баробари муфаттишони Шветсия ва Шветсария, муфаттишони фаронсавию латвӣ низ бо таҳқиқи ҳолатҳои фасоди марбут ба шарикони Каримова машғул ҳастанд.
Торнамои “ca-news” мегӯяд, таҳқиқи мавридҳои пӯлшӯӣ марбут ба шарикони Гулнора Каримова дар Фаронса алакай оғоз шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Додситонии Шветсия гуфта буд, мақомоти пулиси Фаронса бо дархости ин ниҳод дар чорчуби амалиёти таҳқиқи пулшӯӣ чанд манзилеро мавриди кофтукоб қарор додааст, ки гуфта мешавад, ба Гулнора Каримова, духтари бузурги президенти Узбакистон мансубанд.
Таҳқиқот алайҳи шарикони Гулнора ва молу амволи ӯ дар ҳоле шуруъ гардид, ки бар асоси ҳукми додгоҳӣ дар нимаҳои моҳи июли соли ҷорӣ масунияташ лағв гардид. Ин духтари раисиҷумҳури Узбакистон дар фасоди молӣ ва ришвахорӣ муттаҳам карда мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |