СММ хост, дастандаркорони амалиёти Хоруғ муҷозот шаванд
Коршиносони созмони Милали Муттаҳид ба амалкарди Тоҷикистон дар мавриди иҷрои тааҳҳудоташ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандию сиёсӣ баҳои хуб надодаанд.
Дар ин бора дар варақаи иттилоотии муштараки Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон таъкид шудааст.
Коршиносони Кумитаи ҳуқуқи башари СММ бо интишори феҳристи тавсияҳои худ ба ҳукумати Тоҷикистон оид ба иҷрои тааҳҳудоти ҳуқуқи шаҳрвандию сиёсӣ аз амалкарди ҳукумати кишвар дар ин замина интиқод кардаанд. Ин интиқодот бар асоси гузориши мақомоти тоҷик дар мавриди иҷрои тааҳҳудоти байналмилӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандию сиёсӣ дар авоили моҳи июли соли ҷорӣ дар Женева гирифта шудааст.
Бештари ин тавсияҳо бар асоси масоили матраҳгардида аз тарафи Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башари СММ дар рафти ҷаласаи 108-уми Кумитаи Ҳуқуқи башари СММ ироа гардидаанд. Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башари Созмони Милал аз ҳукумати кишвар талаб кардаанд, то дар мавриди иҷрои тавсияҳои кумитаи мазкур диқатти ҷиддӣ бидиҳад, ба вижа:
-Самарабахшӣ ва истиқлолияти дафтари ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро таъмин намояд;
-Ба мустақилияти мақомотҳои судӣ кафолат диҳад;
-Ҳуқуқи бо вакили мудофеъ таъмин намудани тамоми афроди боздоштшударо фароҳам кунад;
-Ҳуқуқи озодии баён ба рӯзноманигорону шаҳрвандон таъмин карда шавад;
-Қонун оид ба туҳмат ва таҳқири шахсият бозбинӣ шавад;
-Бекор кардани ҳукми қатл ва фавран таҳқиқ намудани тамоми далелҳои маргумири маҳбусон дар зиндонҳо;
-Шадидан пойбанд будан ба адами иҷборӣ бозпас овардан ба ватан;
-Дар робита ба шиканҷа, саривақт ва ба куллӣ таҳқиқ шудани шикоятҳои оид ба шиканҷа ва муносибати тунд ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми гунаҳкорон;
-Дар робита ба ҳуқуқи озодии баргузории гирдиҳамоӣ (тазоҳурот, роҳпаймоӣ);
-Дар робита ба ҳуқуқи ақаллиятҳо: ҷалби ақаллиятҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар ва тасмимгириҳои умури давлатӣ.
Кумитаи мазкур дар баробари ин тавсияҳои худ аз фавти шаҳрвандони осоиштаи тоҷик дар амалиёти низомии соли гузашта дар Хоруғ ва таҳқиқ нашудани ин ҳолатҳо ибрози нигаронӣ карда, гуфтааст: “Давлат бояд ашхоси гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ кашида, ба пайвандони қурбониҳо ҷубронпулӣ диҳад.”
Инчунин, кумита нигаронии худро дар робита ба таъқибу боздошт шудани раҳбарони сиёсии мухолифон бо ангезаҳои сиёсӣ ва бо мақсади сади роҳи иштироки эшон дар интихобот шудан баён намуда, гуфтааст: “Дар мавриди боздошти Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби сабти номнашудаи “Тоҷикистони Нав” сахт нигарон мебошад. Давлати Тоҷикистон бояд барои Зайд Саидов, ҳуқуқ ба озодӣ ва ҳукми одилона кафолат диҳад.”
Соли 1999 Тоҷикистон Тааҳҳудоти байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандию сиёсиро ба тасвиб расонидааст, ки барои иҷрои тамоми бандҳои он вазифадор мебошад. Вале бо гузашти 14 сол ҳукумати кишвар ҳанӯз ҳам барои иҷрои пурраи бандҳои он омода нест. Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор аст ва бояд барои иҷрои ин тааҳҳудот дар назди мардумаш талош кунад. Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башари СММ аз Ҳукумати кишвар даъват менамоянд, то тамоми ин тавсияҳои мазкурро иҷро кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |