Мушовири президент Раҳмон: Номаи Зайд Саидовро дарёфт накардаем
Музаффар Ашӯров, мушовири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, оид ба ҳуқуқҳои инсон, мегӯяд, ки номаи Зайд Саидов ҳоло ба дастгоҳи раисиҷумҳур нарасидааст.
Музаффар Ашӯров, раҳбари шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, шуъбаи онҳо номаҳоеро ба раисҷумҳур мерасонад, ки расман вориди дастгоҳ шудаанд: “Азбаски номаи Зайд Саидов ба президент дар расонаҳои хабарӣ мунташир шуд, расонидани он ба салоҳияти шуъбаи мо нест. Барои он, ки мо ин номаро ба раисиҷумҳур барем, зарур аст, ки нусхаи аслияшро ба мо расонанд.”
Қаблан Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав", бо ирсоли як нома аз Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ба қазияи ӯ расидагӣ кунад.
Вай дар номаи чаҳорсаҳифагии худ гуфтааст, вазъи саломатияш хуб нест ва мехоҳад озод шавад ва ё зери назорати тафтишот ба муолиҷаи худ машғул гардад. Оқои Саидов дар ин номаи худ ҳадаф аз таъсиси Ҳизби Тоҷикистони навро ҳам баён дошта гуфтааст, қабл аз амалӣ намудани нияташ мақомоти Кумитаи амнияти миллиро огоҳ карда буд. Вай афзудааст, вақте дар Фаронса буду нофаҳмиҳо аз сӯи мақомот зиёд шуд, ният дошт ба ватан баргардаду фаъолияти таъсиси Тоҷикистони навро боздорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |