378, 8 ҳазор дона пӯсти чорво тайи нимсоли равон дар корхонаҳои марбутаи Тоҷикистон коркард шудааст.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30, 8 маротиба зиёд мебошад. Ба иттиллои маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат, тӯли 6 моҳи ахири соли равон ҶСШК «Атласи Хуҷанд» 54, 1 ҳазор метри тӯлонӣ матои атлас истеҳсол намудааст, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2010 ду маротиба бештар аст. Гуфтанист, моҳи март бо иштироки бевоситаи президент маросими кушодашавии ду корхонаи нав, « Олим текстайлз» ва фабрикаи ҷӯроббарории «Наврӯз»-и ноҳияи Зафаробод баргузор гардид, ки алъон ин корхонаҳо фаъолият доранд.
-То имрӯз корхонаи «Олим текстайлз» ба миқдори 6, 5 миллион сомонӣ ва «Наврӯз»-и Зафаробод ба миқдори 1, 4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, афзуд манбаъ. {jathumbnail off}
Мӯҳр