Тақозои раиси ҲНИТ аз раиси Кумитаи радио ва телевизион
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо ирсоли як нома аз Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, талаб кардааст, барои пахши раддия ба онҳо низ шароит фароҳам оварад.
Дар номаи Кабирӣ омадааст, “вақтҳои охир дар шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ маъракаи васеи таблиғотӣ алайҳи ҲНИТ ба роҳ монда шудааст, ки гоҳо дар он таҳқиру буҳтон низ ҷой дорад.”
Раиси ҲНИТ чунин амалкардро хилофи қонунҳои Тоҷикистон ва сулҳу ваҳдати миллӣ номида ва гуфтааст, “он ба якпорчагӣ ва суботи кишвар зарба мезанад”. “Агар мақсад аз пахши чунин барномаҳо таъмини гуногунандешӣ ва плюроализми сиёсӣ бошад, зарур аст, ки назари тарафи дигар ҳам дар расонаҳои давлатӣ инъикос гардад”,-афзудааст ӯ.
Дар поёни номаи Муҳиддин Кабирӣ ба Асадулло Раҳмонов таъкид шудааст, ки “аз ин рӯ, дар асоси моддаи 15-и Қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва моддаи 24-и Қонун “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз Шумо талаб менамояд, шароитро ба масъулини ҳизбӣ барои раддия дар ҳамон воситаи ахбори оммаи давлатӣ ва ҳамон вақти пахшгардида, таъмин намоед.”
Ба дунболи дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон дар рӯзи чоруми июли соли ҷорӣ, барномаҳои мухталифе дар шабакаҳои радиои ва телевизиони Тоҷикистон пахш шуданд, ки аксарияташон аз фаъолияти ҳизби динии исломӣ дар кишвар интиқод карда, онро нозарур медонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |