Маркази қонунгузории назди президент: Гуфтаҳои Қуръон бояд ба инобат гирифта шаванд
Маҳмад Раҳимов, раиси Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон дар мавриди манъи никоҳи хешутаборӣ дар кишвар мегӯяд, бояд тамоми паҳлуҳои ин масъала, аз ҷумла гуфтаҳои Қуръони маҷид, ҷанбаи тиббӣ, иҷтимоӣ ба инобат гирифта шаванд.
Раҳимов, имрӯз, 31-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки ҳоло сари масъалаи никоҳи хешутаборӣ гурӯҳи корӣ ва худи масъулини марказ кор карда истодаанд: «Вобаста ба манъи никоҳи хешутаборӣ нафарони зид ва ҷонибдор ҳам зиёданд. Худи ман ҳоло гуфта наметавонам, ки зид астам ё ҷонибор, чун ҳоло ин мавриди омузиш қарор дорад. Сари ин масъала бетараф ҳам буда наметавонам. Хулосаи ниҳоиро дар мавриди пешниҳодҳо ҷиҳати манъи никоҳи хешутаборӣ танҳо гурӯҳи корӣ, ки барои омӯзиши ин масъала таъсис ёфтааст, гуфта метавонад.»
Ахиран вакили Маҷлиси Намояндагон, Саодат Амиршоева, пешниҳод кард, ки никоҳи хешутаборӣ аз роҳи қонун манъ гардад. Ӯ дар шарҳи пешниҳодаш гуфт, никоҳҳои хешутаборӣ сабаби бо нуқс ба дунё омадани атфол мегарданд. Ин пешниҳоди хонум Амиршоева аз тарафи вакилон хуб истиқбол ёфта, ҳоло барои таҳияи тарҳи ислоҳот ба Кодекси оила дар ин замина гурӯҳи корӣ ташкил шудааст.
Аммо бо ин пешниҳод дар Тоҷикистон на ҳам розиянд. Аз ҷумла Қобилҷон БОЕВ, собиқ раиси шӯъбаи фатво дар Шӯрои уламо дар шарҳи далелҳои ин пешниҳод ба “Озодагон” гуфт, “ин хости Худост, ки фарзанди солим медиҳад, ё носолим. Издивоҷҳои хешутаборӣ аз замони паёмбар роиҷ буд, ки духтари худро ба Алӣ (с) писари амакашон доданд. Агар хешутаборӣ намешуд, пайғамбар манъ мекард ва Худо мегуфт, ки духтаратро ба хешутабор насупор. Ҳастанд оилаҳое, ки духтари амак, тағо ва хола гирифтаанду фарзандонашон солим аст. Яке донишгоҳи исломӣ тамом кард, яке дигараш донишгоҳи миллӣ. Ҳастанд оилаҳое, ки зан аз дигар минтақа асту худаш аз минтақаи дигар, вале фарзандонашон носолиманд. Паёмбар гуфтааст, ки аз бегона низ гиред.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |