Қарори Убайдуллоев барои тахриби 34 бино дар маркази Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе дар доираи нақшаи генералии шаҳр, ки аз ҷониби муассисаи «Гипрогор»- и Маскав таҳия шудааст, қарор намудааст, ки 34 бино аз маркази Душанбе бардошта шаванд.
Тавре аз шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар доираи ҳамоҳангсозии бинову иншооти атрофи майдони «Дӯстӣ» 34 бино дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Бохтар, Ш, Руставели, Пушкин ва Теҳрон бардошта мешаванд. Аз ҷумла чаппасозии бинои “Точиктелеком”, бинои раёсати муҳофизати ғайриидоравӣ, бинои маъмурӣ ва дафтарҳои корӣ, бинои маркази фалак (осорхонаи Гурминҷ Завқибеков), суди Исмоили Сомонӣ, биноҳои маркази варзишии “Таеквандо”, мағозаю қаҳвахона, прократураи шаҳри Душанбе, сафоратхонаи Эрон, бинои вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ҳудуди 22 бинои истиқоматии аз 1 то 4 ошёна дар назар аст.
Шаҳрдорӣ аз масъулин хостааст, соҳибони биноҳои чаппашаванда огоҳ гарданд ва ҳаққи қонунии онҳо дар сатҳи лозима ба онҳо дода шавад.
Убайдуллоев инчунин ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе супориш додааст, ки масъалаи боздоштани корҳои сохтмонии бинову иншооти баландошёнаи бунёдшаванда, дар ҳалқаи бо хиёбон ва кӯчаҳои Рӯдакӣ, Шоҳтемур, Бохтар ва Теҳрон маҳдудшаванда, мавриди иҷро қарор дода шавад ва имконияти истифодабарии эҳтимолии онҳо, дар мувофиқа бо муаллифи тасҳеҳи нақшаи генералии Душанбе ҶСК «Гипрогор»-ро ҳаллу фасл намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |