Бахшҳо

Интизориҳо аз сафари Раҳмон ба Русия ва гуфтугӯ бо Путин

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 31-уми июл бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин ба Маскав рафт. “Озодагон” аз коршиносону мақомоти давлатӣ пурсид, ки аз ин сафар чиро интизор шудан мумкин аст?


Абдулло Давлатов, раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия:

“Саволҳову масъалаҳо байни Тоҷикистону Русия дар марҳилаи кунунӣ хеле зиёданд: аз амалӣ нашудани шартномаҳои имзошуда то интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон. Ҳоло, ки Русия навовариҳои ҷиддие дар қонунҳои муҳоҷират ва мавқеи шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвараш ворид кард, тоҷикистониёни зиёде аз Русия иҷборӣ берун мешаванд ва вуруди дубораашон ба ин давлат манъ мешавад. Дар соли интихоботӣ ин аҳвол метавонад вазъи иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистонро хеле нохуб кунад! Шояд аз ин сафар президенти Тоҷикистон ҳатман бо "дастовардҳо"-и ҷиддӣ баргардад. Вале ин "дастовардҳо" мусбат мешаванд ё манфӣ, бегоҳи ҳамон рӯз маълум мешавад.”

Вафо Ниятбеков, корманди Маркази тақиқоти стратегӣ:
“Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия гардиши куллиро дар равобити ду кишвар ба миён меорад. То ба имрӯз масоили ҳалношудаи зиёде боқӣ мондааст, ки ҳалли ҳарчи зудтари худро металабад. Албатта, ин ҷои баҳс надорад, ки масъалаи асосӣ тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон хоҳад буд. Бо ин вуҷуд, дигар созишномаҳо ҳам барои Тоҷикистон аҳамияти зиёд дорад, аз ҷумла пешниҳоди маҳсулоти нафтии сабук ва иқомати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва ғайра.”

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия:
“Нахуст бояд гуфт, ки ин сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав низ дар доираи густариши ҳамкориҳои миёни кишварҳои мо ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Тоҷикистону Русияро шартномаву қарордодҳои зиёди ҳамкорӣ дар риштаҳои мухталифи сиёсиву ҳарбӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву илмӣ бо ҳам овардаанд ва мулоқоти роҳбарони олимақоми кишварҳо дар ин сатҳу дараҷа танҳо ба манфиати рушду тавсеаи ин муносибот хоҳад буд. Ба сафари навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав мо маҳз аз ҳамин зовия нигоҳ ва баҳо хоҳем дод. Боварии комил дорам, ин сафар ва натоиҷи он бисёре аз андешаҳои ботилро, ки муносиботи миёни Тоҷикистону Русияро бад ва бидуни ояндаи хушбин арзёбӣ мекарданд, барҳам хоҳад зад. Ҳарду кишвар ба ҳамдигар ниёзмандии зиёд доранд ва мусаллам аст, ки Русия дар симои мо шарики муҳими стратегии худро дар минтақа мешиносад. Бинобар ин, ҳадафи асосии сафари Эмомалӣ Раҳмон, ки бо даъвати ҳамтои русаш баргузор мешавад, дар маҷмуъ маҳз баҳри вусъати ҳамкориҳои судманди миёни кишварҳои мо равона хоҳад шуд.”

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ:
“Тоҷикистон ҳанӯз ҳам таҳти таъсири Русия қарор дорад ва дар сиёсати дохиливу хориҷӣ низ эҳсос мешавад, ки баъзе масъалаҳо бидуни мувофиқа бо Кремл ҳал намешаванд. Барои ин, албатта, чанд омилу сабабҳо низ вуҷуд доранд. Масалан, ҳамчун воситаи таъсиррасонӣ ба Тоҷикистон қарор гирифтани муҳоҷирини корӣ, ба нашрияву садо ва симои Русия бештар таваҷҷуҳ доштани мардуми Тоҷикистон, дар дохили кишвар ҷойгир будани пойгоҳи ҳарбии Русия, дар доираи созмонҳои минтақаӣ доштани манфиатҳои муштарак аз ҷумла ҳамҷоя аксуламал нишон додан, ба шаклҳои мухталифи экстремизм ва терроризм ва ғайра. Инчунин ғарб новобаста аз бархурди манофеъи геополитикияш бо Русия эҳсос мекунад, ки татбиқи равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон бидуни ҳамкорӣ бо Русия имконият надорад. Ва, албатта, ба ғайр аз масоили расмии қаблан мувофиқашуда интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ғайрирасмӣ мавриди сӯҳбати ҷонибҳо қарор мегиранд. Дар арафаи интихобот эҳтимоли гузашт кардани ҷониби Тоҷикистон ба ҳама гуна шарту шароитҳое, ки Русия пешниҳод менамояд то ҳатто бар хилофи манофеи миллии мо низ бошанд, вуҷуд дорад. Зеро дарк менамоянд, ки бидуни розӣ шудан ба шартҳои он ҷониб дар интихобот муваффақ шудан имконият надорад.”

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси масоили сиёсӣ:
“Агар ин сафар фақат боздид аз Русия бошад, он гоҳ чунин диданҳо бо имзои созишномаҳо анҷом меёбад. Азбаски сафар сафари корист, бештар барои баррасӣ намудани ину он масоили ҳалношудаи ҷонибҳо ихтисос меёбад. Мумкин кадом натиҷаи назаррас ба даст ояд, ё наояд, чун ин як сафари ҳамагӣ корист. Масоиле чун интихобот дар ин гуна нишастҳо баррасӣ намешаванд. Интихобот ин кори дохилии худамон аст на кори давлати дигар. Хоҳ давлати дӯст бошад, хоҳ начандон дӯст ва кӯчаку абарқудрат...”

Илҳом Назриев, таҳлилгар:
“Маскав мехоҳад, Раҳмон масъалаи тамдиди пойгоҳи низомии Русияро дар Тоҷикистон ҳал кунад ва дар иваз омадааст сӯзишвориро арзонтар ба Душанбе бидиҳад ва муҳоҷирини тоҷикро камтар азоб диҳад. Аммо агар тарафайн ҳатто ба созиш биёянд, ба мардуми оддӣ чӣ суде дорад? Тирамоҳ сӯзишворӣ дар худи Русия қимат мешавад ва таҳқири муҳоҷир дар Русия як кори маъмулӣ шудааст. Сиёсатмадорҳои рус ва ҳизбҳо дар арафаи интихоботи маҳаллӣ дар Русия ҳаракат мекунанд "холҳо"-и худро бо истифода аз боло бурдани адовату бадбинии русҳо нисбат ба муҳоҷирин зиёд кунанд. Дар ҳамин ҳол, ҳатто агар русҳо сӯзишвориро арзон кунанд, мафияи тоҷик намегузорад, ки он дар Тоҷикистон ҳақиқатан ҳам арзон шавад, фоидаро онҳо мебинанд на мардуми оддӣ. Барои кам кардани вобастагии Тоҷикистон аз Русия мо бояд бисёртар аз захираҳои нафту гази худ истифода барему ҷойҳои кории навро ташкил кунем, то камтар мардуми мо ба Русия муҳоҷир шаванд.”
Мӯҳр
Раъйдиханда
Зинда бод интихобот ва зинда бод тамдиди хафт соли дигари президенти.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)