Турсунбек Акун: Ман ҳанӯз ҳам омбудсменам
Турсунбек Акун, собиқ омбудсмени Қирғизистон мегӯяд, ӯ фаъолияташро ба ҳайси омбудсмен идома хоҳад дод.
Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Турсунбек Акун дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфтааст, ӯ тӯли ин як моҳ дар бемористон буда, аз дирӯз боз ба кор баромадааст: “Мо ҳамроҳ бо гуруҳ алакай қабули шаҳрвандонро шуруъ карда, ба кори худ идома дода истодаем. Танҳо аз судури дастур ва гирифтани маош маҳрум мебошам. Агар мо кор накунем, пас кӣ кор мекунад?”
Ба гуфтаи Турсунбек Акун, ӯ дар ин симат фаъолияташро аз рӯи майлу хоҳиши худ идома дода истодааст.
Ин дар ҳолест, ки авохири моҳи июни соли ҷорӣ парлумони Қирғизистон бо аксари оро Турсунбек Акун, Омбудсмени ин кишварро ба истеъфо фиристода, ҳоло барои ишғоли ин мақом озмун эълон карда шудааст. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ то кунун беш аз 10 нафар номзадии худро ба ин мақом пешбарӣ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |