Афзоиши нашъамандон ва мубталоёни СПИД дар Тоҷикистон
Масъулини Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯянд шумораи гирифторони бемории нашъамандӣ тамоюл ба афзоиш дорад.
Алишер Ташрипов, сардори шӯъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ, ки ба мо пешниҳод гардидааст, дар нимсолаи аввали соли равон 7470 нафар бо ташхиси нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 225 нафар зиёд гардидааст: “Дар шаҳри Душанбе 3851 нафар, вилояти Суғд 1052 нафар, ВМКБ 908 нафар, вилояти Хатлон 1260 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1092 нафар ба бемории нашъамандӣ гирифтор шудаанд. Агар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта муқоиса кунем ба ғайр аз ВМКБ дар дигар минтақаҳо бемории нашъамандӣ тамоюл ба зиёдшавӣ дорад. Болоравии шумораи нашъамандони ҷавон-аз 18 то 30-сола ба 6,6% ва аз сини 31 то 59-сола 1,1% зиёд гардидааст.”
Алишер Ташрипов афзуд, шумораи нафароне, ки героин истифода мекунанд дар шаш моҳи аввали соли равон ба 6031 нафар расидааст, ки 80,7% зиёд гардидааст. Ба гуфтаи ӯ нашъамандоне, ки маводи нашъаоварро тазриқӣ истифода мебаранд 66,9 дар сад зиёд гардидааст, ки албатта ин хатари паҳншавии Вируси норасоии масъунияти одамро (ВНМО) ба миён гузоштааст: “Тибқи оморҳои расмӣ аз аввали ба қайдгирии бемории ВНМО то ин давра дар ҷумҳурӣ 5124 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, ки 2842 нафар ё 55,3%-ашон бо роҳи нашъамандӣ сироят шудаанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |