Узви Лигаи мусалмонҳо президенти нави Покистон шуд
Мамнун Ҳусейн, тоҷири шинохта ва аъзои Лигаи мусалмонҳои Покистон бо касби бештари райъи вакилони парлумон раисиҷумҳури ин кишвар интихоб шуд.
Фахриддин Иброҳим, раиси комиссияи интихоботи Покистон зимни як нишасти хабарӣ дар Исломобод гуфтааст, ки аксари вакилон аз номзадии Ҳусейн пуштибонӣ кардаанд.
Номзадии Мамнун Ҳусейнро Навоз Шариф, нахуствазири Покистон пешниҳод карда буд.
Бино ба иттилои расида, Мамнун Ҳусейн аз моҳи сентябр, баъди хатми ваколатҳои раисиҷумҳури феълӣ Осиф Алӣ Зардорӣ, ба курсии президентӣ мешинад.
Тибқи қонуни Покистон, раисиҷумҳури ин кишвар аз сӯи ҳарду палатаи парлумон ва намояндагони маҷлисҳои минтақаӣ барои панҷ сол интихоб мешавад. Як нафар танҳо ду маротиба ҳаққи пешбарии номзадияшро дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |