31 июл 2013 10:19---
Чиллаев: Тошканд дар 6 моҳ ба Сарбанд 5 миллион зиён расонд
Узбакистон бо бастани қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Хатлон танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба буҷаи шаҳри Сарбанд беш аз 5 миллион сомонӣ зиёни молӣ расондааст.
Қарахон Чиллаев, раиси шаҳри Сарбанд, гуфт, ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар ҳудуди ин шаҳр 8 корхонаи зертобеъ дорад ва бинобар монеасозиҳои сунъии кишвари ҳамсоя, ин корхонаҳо ва корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» аз фаъолият бозмонда, беш аз ду ҳазор корманд, ки аксаран сокини шаҳри Сарбанд ҳастанд, ба рухсатии бемуҳлат гусел карда шудаанд.
Чиллаев афзуд, корхонаҳои тобеи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз сабаби бефаъолиятӣ муваққатан аз пардохти андоз озод карда шудаанд: “Ҳоло корхонаи «ТоҷикАзот» дастгоҳҳои нави истеҳсолӣ харида, васл кардааст. Аммо азбаски чаҳор сол боз интиқоли гази Узбакистон ба ин корхона қатъ шудааст, он аз истеҳсолот бозмондааст. Ба мо ваъда кардаанд, ки то моҳҳои январ-феврали соли оянда гази табиии маҳаллӣ истихроҷ мешавад ва дар он сурат, «ТоҷикАзот» метавонад фаъолияташро аз сар бигирад.”
Дар соли ҷорӣ дар шаҳри Сарбанд ба ғайр аз «ТоҷикАзот», ҳамчунин се корхонаи саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ «Нури Дилшод», «Орди рушди Хатлон» ва идораи гази шаҳр аз фаъолият бозмондаанд. 6 корхонаи саноатӣ бошад, ҳаҷми истеҳсолотро коҳиш додаанд.
Дар ҳамин ҳол Майрамбӣ Ғафурова, муовини раиси шаҳри Сарбанд, инчунин иттилоъ дод, ки имсол барои 35 кӯдаки маҳаллӣ, ки бепадару модар ҳастанд, суратҳисоби алоҳидаи бонкӣ боз шуда, аз тамоми кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва шаҳрвандон даъват шудааст, ки ба он маблағи «фитри рӯза»-и худро гузаронанд. Ғафурова афзуд, шаҳрдории Сарбанд барои таъмини иҷтимоии 35 ноболиғи ятиму бесарпаноҳ талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад ва иқдоми ифтитоҳи суратҳисобҳо ҳадафи мусоидат ба беҳбудсозии вазъи зиндагӣ ва таҳсили онҳоро пайгирӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |