Баъд аз мулоқот бо президент: 187 имомхатиб деҳқонӣ мекунанд
Абдуалим Исмоилов, раиси ноҳияи Бохтар, ваъда дод, ки ба ҳамаи имомхатибони ин ноҳияи калонтарини Хатлон барои пешбурди рӯзгорашон замини кишоварзӣ медиҳад.
Исмоилов дар пасманзари мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо руҳониён, бо муллоҳои ноҳияаш мулоқот гузаронда, гуфт, “яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ баланд бардоштани сатҳи камбизотии аҳолӣ мебошад, ки ин аз амали мову Шумо низ вобаста мебошад. Вақти он расидааст, ки имомхатибон ҳам дар татбиқи ин раванд саҳм бигзоранд ва аз даромади хеш рӯзгорро пеш баранд. Бинобар ин, мо тасмим гирифтаем, ки ба 186 имомхатиби ноҳия қитъаи замин баҳри созмондиҳии хоҷагии деҳқонӣ тақсим намоем.”
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти 4-уми июл бо руҳониён гуфт, корҳои муллогӣ набояд манбаи даромадашон бошад, балки ба гуфтаи ӯ, бояд онҳо ба касбҳои дигар, аз ҷумла деҳқонӣ шуғл варзанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |