50 ҳазор ба “Панҷ”-у 50 миллион ба “Данғара”

Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотии хеш хабар дод, ки имсол барои эъмори инфрасохтори зарурӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” 50 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.
“Мо ҳама мушкилоти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”-ро медонем ва инак, кӯмаки молӣ расонида шуд ва умед мебандем, ки пас аз ин беҳтар фаъолият хоҳад кард. Ба ин минтақа аз сабаби набудани обу газ таваҷҷуҳи сармоягузорон кам аст, ҳарчанд он макони ҷойгиршавии хубе барои рушди тиҷорат дорад”,-гуфт оқои Афзалов ва афзуд, ки даҳҳо ширкатҳои хориҷӣ ба ин минтақа ҷалб карда шуданд, лек бинобар адами одитарин шароити кор, аз гузоштани сармоя истиҳола варзиданд.
Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” - дувумин минтақаи озод дар вилояти Хатлон, ин гуна мушкилот анқариб ба мушоҳида намерасад, чун кормандон бо дафтари корӣ таъмин буда, ду корхонаи истеҳсоли собуну масолеҳи кимиёвӣ ҳам сохта шуда, боз роҳандозии дигар пружаҳои саноатӣ ҳам дар назар дошта шудааст. Ва ҳарчанд баъзе қишлоқҳои ноҳияи Данғара то ҳол мувоҷеҳи норасоии об ҳастанд, ин минтақаи озоди иқтисодӣ бо гирифтани 50 миллион сомонӣ ва кашидани хатти об муваффақ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |