АКС: Васиятҳои Устод Шакурӣ ва осори “ҳайрон”-и ӯ

Ибодуллои ТОҲИР
Дилафрӯз Икромӣ, ҳамсари шодравон Муҳаммадҷон Шакурӣ, тамоми бойгонии ӯро гирдоварӣ карда, ба онҳо бо номи “Осорхонаи академик Шакурӣ” мӯҳри махсус мезанад. Хонум Икромӣ ба “Озодагон” гуфт, гирдоварии бойгонӣ яке аз васиятҳои устод Шакурӣ буд ва ӯ то ҳоло ҳафтуним ҳазор китобро, шурӯъ аз Қуръони Карим, номнавис ва ба онҳо мӯҳр задааст.
Ба қавли Дилафрӯз Икромӣ, шумораи умумии китобҳои устод Муҳаммадҷон Шакурӣ наздик ба 15 ҳазор мебошад. Ҳоло масъалае, ки ба гуфтаи ӯ боқӣ мондааст, ҳифзи бойгонӣ дар манзили устод ё таҳвил додани он ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт, Китобхонаи миллӣ ва ё Фарҳангистони забон ва адабиёти Эрон аст.
“Васияти устод ин буд, ки мегуфтанд осори маро тика-тика накунед. Дар васиятнома навишта шудааст, агар ҳамсарам Дилафрӯз Икромӣ мехоҳанд, бойгониамро Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт ё Китобхонаи миллии Тоҷикистон яклухт гиранд”,-гуфт Дилафрӯз Икромӣ. Мусоҳиби мо дар идома афзуд, чун устод академики Фарҳангистони забон ва адабиёти Эрон буданд, инчунин таъкид кардаанд, ки дар сурате ки аз Тоҷикистон касе хостори ин осор нашуд, ба сафири Эрон дар Душанбе муроҷиат кунанд.
“Гуфтанд, ба ҷуз китобҳои форсӣ боқимондаро яклухт ба Фарҳангистони забон ва адабиёти Эрон супоред. Таъкид карда буданд, ки баъд китобҳои эрониашро ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт диҳем”,-илова кард Дилафрӯз Икромӣ.
Ба гуфтаи ӯ, то ҳоло касе барои дарёфти осору бойгонии устод Шакурӣ муроҷиат накардааст ва онҳо низ тасмими нагирифтаанд, билохира онро ба кӣ бидиҳанд. Аммо хонум Икромӣ гуфт, ин васиятномаи устод Шакуриро ахиран ба Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Душанбе нишон додааст.
Дилафрӯз Икромӣ мегӯяд, бо писарони устод ҳам дар бораи бойгонӣ машварат кардааанд: “Ман гуфтам, китобҳо ва маводи бойгониро рӯйхат карда ба онҳо мӯҳр монда истодаам. Он вақт аз куҷое талаб карданд, медиҳем. Фарзандонашон ҳам ба ин фикр мувофиқанд. Аммо то ҳоло ягон кас ба мо муроҷиат накардааст. Агар ба ман пешниҳод кунанд, ки тамоми ин осорро яклухт мегиранд, бо камоли майл медиҳам”-афзуд ӯ.
Ҳамсари шодравон Муҳаммадҷон Шакурӣ дар бораи васияти дигари устод бо мо суҳбат кард, ки он ҳам ба сари қабри ӯ марбут будааст. Вай гуфт, “вақти зинда будани устод ҳамроҳ ба қабристони “Лучоб” ба зиёрати оромгоҳи падарам (Ҷалол Икромӣ) мерафтем. Устод дар ҳамон ҷо гуфтанд, ки мехоҳам маро дар ҳамин қабристон ба хок супоред ва сари қабрамро бисёр хоксорона кунед, чунки ман аз заҳхона рафта истодаам. Хостанд ду мисраъ шеъри Лоиқро, ки дар китоби “Хуросон аст ин ҷо” чоп шуда буд, дар болои қабрашон нависем:
Гӯям, ки ман танҳою ту танҳотар,
Ватанам, о ватанам, о ватанам.”
Дилафрӯз Икромӣ мегӯяд, онҳо ҳамин тавр қабри устодро хеле хоксорона сохта буданд. “Мутаасифона, моҳи феврал сари қабрашон поймол шуд ва баъд ман панҷара гирифтам”,-гуфт ӯ.
Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ моҳи сентбяри соли гузашта дар бемористони Ибни Синои пойтахт даргузашт ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд. Вай, ки 87 сол дошт, бештар аз дарди гурда ранҷ мекашид ва барои табобат ба Эрону Бритониё низ рафта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |