Бахшҳо
30 июл 2013 12:23Хабарҳои ҷаҳон

Чаро амрикоиҳо дар ин марҳала дунболи музокироти созиш ҳастанд?

Музокироти созиш миёни ташкилоти худгардони Фаластин ва Исроил дуруст замоне қарор аст аз сар гирифта шавад, ки ҷаҳони араб даргири ду буҳрони дохилӣ ва хориҷӣ аст; яъне Сурия ва Миср, ки ин ҳамзамони дар ҷои худ қобили таъамул аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҷон Карӣ аз замони вазир шудан дар кобинаи Барак Обама, баҳси музокироти созишро яке аз муҳимтарин нигарониҳои худ ҷилва дод ва барои расондани ин моҷаро борҳо роҳии заминҳои ишғолӣ шуд.

Ҳарчанд у ба унвони вазири хориҷаи Амрико аз замони руи кор омадан, зоҳиран баҳси роҳи ҳалли эҷоди ду кишварро бо ҷиддият дунбол мекунад, аммо ин тарҳ чунин роҳи ҳалле ба солҳои қабл, замони Ҷими Картер, раиси ҷумҳури собиқи Амрико бозмегардад.

Картер дар аввалҳои даврони риёсати ҷумҳурии худ дар мавриди ҳаллуфасли мушкили мардуми Фаластини мавзеъи ба зоҳир мунсифона гирифт ва дар он мавқеъ аз эҷоди сарзамини Фаластини барои паноҳандагони фаластинӣ ба унвони *зарурати ниҳой* сухан гуфт. Ҳамин мавзеъгирӣ боис шуд уро сулҳҷу ва тарафдори ҳуқуқи мардуми Фаластин биноманд.

Аммо баъдҳо Ҷими Кортер на танҳо ваъдаи худро мункир шуд, балки изҳор дошт: ман ҳаргиз фикр намекардам ва фикр намекунам, ки эҷоди кишваре мустақил б а номи Фаластин барои мо ва манофиъи Амрико муносиб бошад.... ба назари ман доштани як кишвари мустақили Фаластин байни Исроил ва Урдун ба манофеи тарафайни минтақа аст.
Аз он замон то кунун низ тағйири асосӣ ва чашмгире дар нигоҳи амрикоиҳо ба вуҷуд наёмада. Дар ҳоле, ки Барак Обама чанде пеш дар ҷамъи донишгуёни исроилӣ дар Байтулмуқаддас идао кунандаи ҳуқуқи мардуми Фаластин барои таъини сарнавишташон шуд ва гуфт: ин мунсифона нест, ки як кудаки фаластинӣ наметавинад дар кишвари худ рушд кунад ва маҷбур аст дар ҳузури як артиши хориҷӣ, ки зиндагии хонаводаи вайро контрол мекунанд, зиндагӣ кунад. Нигоҳе ба наҳваи амалкарди Ҷон Карӣ нишон медиҳад амрикоиҳо дар ин миён на танҳо нақши *дилсӯзи фаластиниҳо* ва ҳатто * миёнҷӣ*ро иҷро намекунанд, балки ошкоро аз ҳомиёни аслии яке аз тарафайни ҷанг, яъне исроилиҳо ҳастанд.

Тавофуқоте, ки дар ин миён бо воситагароии Ҷон Карӣ сурат гирифта, то андозае парда аз моҳияти воқеъии ин моҷаро бармедорад. Бар пояи ин тавофуқ, ки рӯзномаи фароминтақаии Алқудс Аларабӣ, ҷузиётеро фош карда, девори амниятии мавҷуд, асоси марзҳои амниятии давлати яҳудӣ ва марзҳои муваққатии давлати Фаластин хоҳад буд ва ҳамчунин дар ростои тарҳи девори амниятӣ табодули заминҳо бо масоҳате болиғ бар 8 то 10 фоизи заминҳои Каронаи Бохтарӣ бо мувофиқати ду тараф ва кумитаи пайгирии тарҳи сулҳи арабӣ, сурат мегирад.
Илова бар ин тибқи тавофуқи фавқ, сохтусозҳо дар теъдоде аз шаҳракҳое, ки давлати Исроил тасвиб карда аст, мутаваққиф мешавад, аммо ин мавзуъ дарбаргирандаи тарҳи мавҷуд дар шаҳракҳои бузурги воқеъ дар атрофи шаҳри Қудс ва дарраи Урдун, аз ҷумла шаҳракҳои Маолия Эдумим, Зафъот Ҷаъиф, Ҳоргумо, Гилу, Нифӣ Яъқуф, Ромот Шлуму, Элун ва Карёт ва ҳамчунин шаҳракҳои пурҷамъият намешавад!
Албатта Бенёмин Натаняҳу, нахуствазири Исроил бештар ҳам гуфта буд барномае барои таваққуфи шаҳраксозиҳо надорад. Бо ин ҳол ин мавзеъи Исроил мавриди интиқод ва эътирози ҷиддӣ ва расмии амрикоиҳо қарор нагирифт; мавзуъе, ки баръакс бо мухолифати гуруҳҳои мухталифи фаластинӣ рубару шуд.
Иззат Алрашқ, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос аз ҷумлаи афроде буд, ки бо беҳосил хондани ин музокирот гуфт: Нокомии ин музокирот ва беҳосил будани он дар иҷрои хостаҳои миллати Фаластин собит шуда аст то ҷое, ки музокирот чизе ҷуз пушише барои тавсиъаи шаҳраксозӣ ва яҳудисози ва низ поймол кардани ҳуқуқи миллати Фаластин набуда аст.

Аммо ҷабҳаи халқ барои озодии Фаластин низ мухолифати худро бо аз саргирии музокироти ду ҷониба байни ташкилоти худгардон ва Исроил дар чорчуби назари Ҷон Карӣ эълон ва баён кард: бозгашт ба музокирот ба дур аз чоҳорчуби Созмони милал ва тасмимоти марбута ба гуфтугуҳоиу мазбур ба маънои худкушии сиёсӣ аст, ки дасти Исроил ва кобинаи ифротии онро барои ҷинояти ҳарчи бештар дар ҳақи фаластиниҳо ва сарзамин ва муқаддасоти онон, боз мегузорад.

Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ низ гузинаи бозгашт ба музокира бо исроилиҳоро рад ва эълон кард: Ҷон Карӣ дар талош аст, аз саргармии кишварҳои арабӣ, барои поён ба кашмакашми фаластинӣ- исроилӣ суистифода карда ва фаластиниҳоро ба имтиёздиҳӣ маҷбур кунад.

Ба ин тартиб ҳар як аз гуруҳҳои фаластинӣ, бахше аз тарфанди Амрико барои имтиёздиҳӣ ба Исроил ва талош барои таъмини амнияти ин режим ва на ташкили давлати мустақили фаластиниро ифшо карданд, ки албатта муҳимтарин нуктаро ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ баён кард.

Дар воқеъ баргузории музокироти созиш дар шароити кунунӣ комилан ҳадафманд буда аст. Амрикоиҳо аз саргири музокироти созишро дар шароити кунунӣ ба ин далел интихоб карданд, ки дар ҳоли ҳозир гуруҳҳои фаластинӣ дучори ихтилофоти шадид ҳастанд ва ҷаҳони араб даргири ихтилофоти дохилӣ ва хориҷӣ аст ва муқовимат дар ҷанги дохилии Сурия мутамарказ шуда ва Миср дар таманои дастёбӣ ба субот аст. Ба навъе гуруҳҳои фаластинӣ ва ҷаҳони Араб дар як мавқияти заъиф шуда ба сар мебаранд. Ба ин тартиб дар ин шароит як тарафи ин музокирот, ки Исроил бошад, дасти бартарро дорад.

Бинобар ин интихоби чунин замоне барои оғози аз саргирии музокироти созиш иттифоқе набуда ва яқинан амрикоиҳо аҳодферо мадди назар доштаанд, ки талош доштанд дар замоне, ки гуруҳҳои фаластинӣ даргири ихтилофоти даруни ҳастанд ва ҷаҳони араб дар парешонӣ аст, ин музокирот оғоз шавад, то шояд имтиёзи бештаре ба ҳисоби исроилиҳо ворид шавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)