Раҳимзода: Моро бо калтак кӯфтан мехоҳанд
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз хориҷ ба кишвар 3 миллиард доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки на ҳамааш пули фиристодаи муҳоҷирон мебошад.
Шариф Раҳимзода, вазири иқтисоду савдо имрӯз, 30-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “доимо мора аз рӯи гирифтани пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар дар ҷои аввал қарор медиҳанд. Ин корро нафароне мекунанд, ки мехоҳанд, давлати Тоҷикистонро паст зананд ва бо ин маълумоташон моро бо калтак куфтанӣ ҳастанд. Дар асл миёни ин маблағе низ мебошад, ки аз ҳисоби содироти маҳсулоти гуногун ворид мешавад. Масалан, дар шашмоҳаи соли равон 111,17 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ содирот шудааст, ки маблағи он пас аз фуруш дар бозорҳои хориҷа ба кишварамон интиқол дода мешавад. Ин маънои онро надорад, ки ин пули муҷирони тоҷик мебошанд.”
Баробари ин ба гуфтаи вазири тоҷик, имрӯз беш аз 300 000 шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд: “Онҳо пештар тоҷикистонӣ буданд ва ҳоло шаҳрванди Русия мебошанд. Онҳо ба хешу таборашон пул мегузаронанд ва ин пули муҳоҷирон ҳисоб намешавад.”
Раҳимзода таъкид намуд, ки ин омор таҳлили дақиқ мехоҳад ва танҳо Бонки миллӣ метавонад, маблағи дақиқи муҳоҷиронро муайян кунад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз гуфтани ҳаҷми маблағи муҳоҷирон худдорӣ кард ва гуфт, “ҳар гоҳе, ки ҳаҷми маблағи ирсолкардаи муҳоҷиронро мегӯям, дар расонаҳо ба он тобиши сиёсӣ медиҳанд.”
Дар ҳамин ҳол ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия ҳудуди 1 миллион шаҳрванд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, манбаи асосии муътадилияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсии Тоҷикистон арзёбӣ мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |