Бахшҳо

Чаро Эмомалӣ Раҳмон расман номзадияшро пешниҳод накардааст?

Барои чӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон, барои пешбарии номзадии худ дар интихоботи қарибулвуқӯи раёсати ҷумҳури кишвар саросема нест? Ин суоле буд, ки хабарнигори “Озодагон” ба коршиносони хориҷию дохилӣ дода, посухи онҳоро гирифт.

Аркадий Дубнов, журналист (Русия):

“Якум, ин як фурсатест, барои шиносоии рақибон, фаъолияту ашхоси пуштибони онҳо. Вале ин тактика хоси низомҳои бозтар нисбат ба Тоҷикистон мебошад. Бо вуҷуди ин, фикр мекунам, Раҳмон ишораи Кремлро дар мавриди пуштибонии номзадиаш мунтазир аст. Вале фикр накунам, ки ӯ ин ишораро қабл аз тасвиб шудани шартнома оиди будубоши пойгоҳи 201 аз сӯи парлумон ба даст орад.”

Сӯҳроб Шарифов, узви Маҷлиси Намояндагон:

“Ин масъала ба ҳизб рабт дорад. Анҷумани ҳизб муайян месозад, ки кадом нафар аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон номзадиашро ба мақоми президентӣ мегузорад. Қудрату нерӯ ва имкониятҳи молию дигарро дида мебароянд. Бо вуҷуди ин кадом ҳизбе набошад, номзади худро ду моҳ пеш аз замони баргузории интихобот эълон мекунад.”

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон:

“Раҳмон эълони номзадии худро кашол надода истодааст, ӯ танҳо ба ин мутмаин намебошад. Ӯ тақрибан ним сол пеш номзадиашро аз сӯи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон зоҳиран ба таври ғайрирасмӣ эълон карда буд ва ҳоло давоми ним сол аст, мунтазири вокунишҳои он дар дохилу хориҷ аз кишвар мебошад. Як чиз равшан аст, ки ӯ бо пешбарии номзадӣ ишораро мунтазир аст, вале интизор шуда натавониста истодааст. Агар дар моҳи сентябр ин ишораро ба даст наорад, ӯ ба ҳар сурат талош мекунад, ки бе ишора номзадиашро пешбарӣ кунад.”

Бахтиёр Сатторӣ, коршинос:

“Ӯ мавҷи ҷомеаро афзоиш дода, кормандони давлатиро гирдиҳам меорад, то омода бошанду манобеъро ҷамъ намоянд. Илова бар ин, мунтазири ишора барои пуштибонӣ мебошад. Русия ҳанӯз барои ин ризоият надодааст. Чин ризоият дод. Аз ин рӯ, ҳоло барои ошкоро гуфтани пешбарии номзадӣ ба хулосае наомадаанд. Агар дар ВАО-и Русия ва Тоҷикистон матолиби зиёде ба табъ расанд, ки аз дидаву дониста ба хатогӣ роҳ додани ӯ дар сиёсати беруна хабар медиҳанд, Русия розигӣ нахоҳад дод.”
Мӯҳр
шшнен
Ба фикрм тарсидестай.

сафари асрори
канешна метарси мухтарам чаноби оли барои худаш шида намехохад ки дар ватанаш чангу чидол сар шавадшшнен,
шшнен,

озод
Рахмон ягона номзади арзанда мебошад. Ки хаст дигар айни замон номзад . Рахматилло Зоиров, ки ба чузъ "заявлен" кардан коре надорад. Кабири номзади бад нест, вале панох дорад аз аъзоени ХНИТ. Агар ба чашми сар нигох кунед дар мо зиндаги чандон бад нест. Танхо хамин Рахмон имкониятхои "оила"-ро махдуд созад. Ва ба иктисоди кишвар ахамият дихад.дигра хамааш гул мешавад. Номзадиашро как надо мемонад Эмомали Рахмон, боз бо аксарияти овозхо президенти Точикистон барои 7-соли дигар мешавад..Он тарафашро худо умр дихад мебинем

Бузбала
Розигии Чину Амрико бас аст. Ва боз ин ки мо мустакилем, чаро розигии Русия ва дигаронро бигирем. Мухим ин ки халк чонибдорй мекунад

Баъди бозгашт аз Россия номзадиашро мемонадми? Сарконун чи мешад поймол мешад?

Бузбала-и муухтарам! Ку як бор агар Руссия депорти мухочирои точика бо асосу беасос сар кунад баъд ахволи мустаъкилии Рахмона мебини чи мешава.

САИД А ДАНГАРА
ХАМАИ СПЕКТАКЛ ХАСТ БОЯД ИСТЕФО БТА ЧАНОБИ ОЛИ БАСАЙ 20 СОЛ ПРЕЗИДЕНТИ КАРДАН МОНАД ДИГАР КАС БОЗ КОР КУНАД!

Мардбача
МАРДУМИ ТОЧИКИСТОН, МУХТОЧИ ПЕШВОИ НАВ ВА ТОЗА ИНТИХОБ ВА ДАР ХАКИКАТ МАРДУМИ АСТ,КИ ТАВОНАД ВАТАНИ АЗИЗИ МОРО АЗ ИН БЕАДОЛАТИ ,ФАСОДИ ВА ПОРАХУРИ, БЕБАРКИВУ БЕКОРИ, ХЕШУТАБОРБОЗИВУ МАХАЛГАРОИ, РОХХОИ ПУЛАКИВУ БЕНАВОИ, НАРХХОИ ГАРОНИ СУХТУ ГИЗО, ШИКАНЧАВУ МАРДУМФИРЕБИ, МУЗДИ МЕХНАТ ВА НАФАКИ НОЧИЗ, САТХИ ПАСТИ ЗИНДАГИ ВА КАМБИЗОАТИ, РАХО ВА НАЧОТ
ДОДА ТАВОНАД.

in mardaki xub inshoalloh to umr bokist sarvari most.xalk roziast.rusu pus fark nadorad injo.

rahmon dar vakti jangu boevikhovu kamandirho natarsidu hamaashona nest karda vatana tenj kard chi nav metarsad aku?rahmona xudovand himoyat mekunad inshoalloh.xutona sargardon nakuned.

Рафту аз путин дуо мегираду омада сар мекунад ташфиқу тарғиба. Лекин взамен ба дуои Путин сарҳади Тоҷикистоу афғонистон медиҳад, таможний союз медрояд, ки ба мафиати тоҷикистон нест ва ба тамоми условияҳои руссҳо рози мешавад, а то дастгири намекунанша. агар дастгири накунанд гууд бай

Мадвали
Сафараки Асрори!?№№!!!??!! Ту мардума аз чанг натарсон. Мардум девона нашидай ки ду се бекала мансабгирай гуфта чанг кунанд. Ту барин боевико дар сурати ду хлопушкаи новогоднийро таркондан аз чумхури тори чоруби ачузкампирда мегурезен. Чанг. при чём тут чанг. Якумаш, ки ту тарсуи дуюм ин ки як бор ки буданта дуруст фахмон чанга нишон медихемта ки чи хел сар мешававу анчом меёба. Худо бугу ки чанг нашава. Бесару по.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)