Пешгӯии рушди суғурта дар Тоҷикистон
Ҳаҷми бозори суғуртаи Тоҷикистон ҳамасола, аз 2008 то 2012-ум ба ҳисоби миёна 18,4 дарсад афзоиш ёфтааст, вале дар маҷмуъ ҳанӯз ҳам заиф аст ва дар соли 2012 ҳамагӣ 0,34 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар бар гирифтааст.
Ин нуқта дар гузориши “Тадқиқот ва бозорҳо”, як манбаи муътамади иттилооти иқтисодӣ дар ҷаҳон таъкид шудааст.
Дар гузориш, ки дурнамои рушди бозори суғурта дар Тоҷикистон то соли 2017 таҳлил шудааст, пешбинӣ мешавад, ки ин бахш дар кишвар рушд хоҳад кард. Ба навиштаи гузороришгарон узвият дар СҶТ, беҳбуди фазои сармоягузорӣ, тавлиди маҳсулоти нав барои рушди суғурта мусоидат хоҳад кард.
Дар қатори монеаҳои рушди суғурта таҳлилгарон ҳамоно сатҳи баланди камбизоатӣ ва ба замони муосир мувофиқ набудани қонунгузории Тоҷикистон дар бахши суғуртаро номбар мекунад.
Гузоришгарон бо такя ба Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки ба ҳолати аввали соли 2012 дар кишвар 16 ширкати суғуртавӣ фаъолият мекунанд. Ин ширкатҳо хидматрасониҳои гуногун аз суғуртаи молу амвол то саломатӣ ва ҳаётро пешниҳод мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |