Наҷоти 159 миллион ва 247 шаҳрванди Тоҷикистон (АКС)
Кормандони Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ молу амволи хусусӣ ва давлатӣ ба маблағи 159 миллион сомонӣ ва 247 шаҳрвандро аз коми оташ наҷот додаанд.
Дар ин бора 29-уми июл, ҳангоми боздиди Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз Раёсати хадамоти оташнишонии Душанбе иттилоъ дода шуд, ки ба муносибати 85-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти оташнишонии ВКД сурат гирифтааст.
Вазири корҳои дохилӣ баъди буридани лентаи рамзии муҷассамаи нақлиёти таърихии оташнишонӣ дар саҳни ҳавлии Раёсат, намоиши техникаву таҷҳизоти оташнишонӣ, омодабошии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе тамошо кардааст.
Дар ҷамъбасти намоиш Раҳимов ба малакаи оташнишонони тоҷик баҳои баланд дода, таъкид намудааст, ки онҳо ҳифзи ҳаёту саломатии одамон, моликият, сарвати миллӣ, муҳити зистро аз сӯхтор ба душ дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |